«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 December 2013

Нимаи дуюми 4 декабри соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  командири Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковник Евгений Туболро, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин гардидааст,  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои мутақобила, риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби аскарону афсарони Пойгоҳ дар шаҳри Душанбе ва тақвияти робитаҳоро дар самти баргузории чорабиниҳои муштараки ёддоштиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳайати шахсии Пойгоҳ минбаъд низ тавассути эҳтиромгузорӣ ба сокинони маҳаллӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи марбутаи байнидавлатии Тоҷикистону Федератсияи Россия оид ба статуси будубоши Пойгоҳи мазкур дар иҷрои вазифаҳои таъинотии худ намунаи ибрат хоҳад монд.