Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2013

Бо Қарорҳои марбутаи Маҳмадсаид Убайдуллоев  Раиси шаҳри Душанбе Холиқов Муним Маъруфович, ки дар гузашта  вазифаи сардори Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иҷро менамуд  мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Шералиев Абдуҳомид Бобоевич  аз вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» озод ва ба ин симмат Саидов Фирдавсӣ Ҳамроқулович, ки қаблан дар вазифаи директори Корхонаи  коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард  таъин гардид.

Директори Корхонаи  коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе Давлатов Ҷумахон Бегович таъин карда шуд.