Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №704 аз 05.12.2013

                

         Дар  бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе, даъвати  чорум 19 декабри соли 2013,  соати  8:00 дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

           2.1.Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012».

                   2.2.Дар бораи номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе.

2.3.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3.

2.4.Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

          2.5.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи  ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ