Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 May 2010

Ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май,  мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 17 то 23 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ҷавонони пойтахт»  эълон гардид, ки дар таъмини нақшаи чорабиниҳои он Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ масъул мебошад.

Дар «Ҳафтаи ҷавонони пойтахт» баргузории як зумра чорабиниҳо аз ҷумла, спартакиадаи варзишӣ аз рўи намудҳои футбол, шоҳмот, волейбол ва баскетбол (байни занон) байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои мустақили шаҳрдорӣ, инчунин ташкилотҳои алоқаманди ҷумҳуриявии дар пойтахт фаъолиятдошта барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ», конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавони пойтахт дар мавзўи «Масоили рушди туризм  дар пойтахт: ҳолат ва дурнамо» бо  нашри маводҳои пешниҳодшуда ва озмунҳои иншо ва мусаввараи беҳтарин дар мавзўъҳои «Шаҳри ман-Хонаи ман» ва «Манзараҳои шаҳри ман» байни хонандагону донишомўзони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, коллеҷў омўзишгоҳҳои касбию ҳунарӣ тарҳрезӣ гардидааст.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе