Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2013

Дар бораи гирифтани қитъаи замини зери биноҳои истиқоматию маъмурии №№124, 126, 128, 130, 130«а», воқеъ дар хиёбони Рӯда-кӣ ва кӯчаи Говоров 4 барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати сохтмони иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон)

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №140 аз 5 марти соли 2013 оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ»-ро баррасӣ намуда, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №270 аз 25 майи соли 2012 «Дар бораи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии  якқабата  дар  хиёбони  Рӯдакӣ  (рӯ  ба  рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) ва хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №555/12/7893-А аз 28 феврали соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 37, 38, 381, 40, 401 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №342 аз 1 сентябри соли 2005 тасдиқ гардидааст, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт», №86 аз 25 феврали соли 2008 ва №214-4 аз 5 майи соли 2011 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №273 аз 8 июни соли 2004 «Дар бораи чораҳои ҳатмии риоя ва иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Қитъаи замини зери биноҳои истиқоматию маъмурӣ дар масоҳати 0,72 (сифр аз сад ҳафтоду ду) гектар, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ №№124, 126, 128, 130, 130«а» ва кӯчаи Говоров 4 барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифта ба фонди захиравии замини шаҳри Душанбе ворид карда, қитъаи замини мазкур ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, барои сохтмони «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» (рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) тибқи санади ҷудо намудани қитъаи замин №41 аз 8 июни соли 2012 барои истифодаи бемуҳлат дода шавад.

2.  Ба инобат гирифта шавад, ки соҳибмулкони хонаҳои истиқоматию маъмурии хиёбони Рӯдакӣ №№124, 126, 128, 130, 130«а» ва кӯчаи Говоров 4 тибқи талаботи моддаи 40 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи  қитъаи замини зери биноҳои номбурда, огоҳонида шудаанд.   

3.  Фармоишгари иншоот-Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (Қурбонов А.Ҷ.) ва дигар сохторҳои дахлдор тибқи талаботи моддаҳои 40, 401,  41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷуброни зарари амволи ғайриманқули соҳибмулкон, бинобар барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифтани қитъаи замин, чораҳои дахлдор андешад.

 4.  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба сохтмони иншоот бо таъмини иҷрои пурраи талаботи бандҳои 2 ва 3-и Қарори мазкур, дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шуруъ намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ