Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 December 2013

Дар бораи гирифтани қитъаҳои замини зери биноҳои истиқоматии бисёрквартирадори 3 (се) ошёна, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №131, Беморхонаи клиникии кӯдаконаи шаҳрии №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №133, Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135, биноҳои хусусии шарвандон Холиқов А.М., воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135, Мансуров С.Ҳ. ва Холниёзов М.И., воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135«а» ва хонаи истиқоматии шахсии шаҳрванд Қаландаров М.И., воқеъ дар кӯчаи Ғ.Ғулом, №2 квартираи №41, барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ ва додани қитъаи замин ба Муассисаи далатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои сабзазоркунӣ ва ободонӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳри Душанбе ва ба тартиб даровардани шафати кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ, бо инобати  Қарори  Раиси шаҳри Душанбе №423 аз 17 июли соли 2012 «Дар бораи татбиқи Нақшаи генералӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Нодира, Говоров, 4, Айнӣ, А.Дониш ва Титов», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 37, 38, 381, 39, 40, 401 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  моддаҳои 14, 66 ва 80 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАМ:

           1.Қитъаҳои замини зери биноҳои истиқоматии бисёрквартирадори 3 (се) ошёна, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №131, Беморхонаи клиникии кӯдаконаи шаҳрии №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №133,  Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135,  биноҳои хусусии шаҳрвандон Холиқов А.М., воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135, Мансуров С.Ҳ. ва Холниёзов М.И., воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135«а» ва хонаи истиқоматии шахсии шаҳрванд Қаландаров М.И, воқеъ дар кӯчаи Ғ.Ғулом, №2 квартираи №41, дар масоҳати 1,86 (як бутуну аз сад ҳаштоду шаш) га барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ  гирифта, ба ҳисоби  замини захираи шаҳри Душанбе ворид карда, қитъаҳои замини мазкур ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  барои сабзазоркунӣ ва ободонӣ тибқи санади ҷудо намудани қитъаи замин №97 аз 5 декабри соли 2013 барои истифодаи бемуҳлат дода шавад.

2. Фармоишгари иншоот- Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи  И.Сомонии шаҳри Душанбе (Қурбонов А.Ҷ.) ва дигар сохторҳои дахлдор тибқи талаботи моддаҳои 40, 401 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати  ҷуброни  зарари  амволи  ғайриманқули  соҳибмулкон,  бинобар барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ гирифтани замин, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда чораҳои дахлдор андешанд.

         3. Ба инобат гирифта шавад, ки соҳибмулкони квартираҳои хонаҳои истиқоматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №131, Беморхонаи клиникии кӯдаконаи шаҳрии №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №133,  Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135,  биноҳои хусусии шаҳрвандон Холиқов А.М. (мағоза), воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135, Мансуров С.Ҳ. ва Холниёзов М.И. (дармонгоҳи дандонпизишкӣ), воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, №135 «а» ва хонаи истиқоматии шахсии шаҳрванд Қаландаров М.И, воқеъ дар кӯчаи Ғ.Ғулом, №2 квартираи №41,  тибқи талаботи моддаи 40 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини зери биноҳои номбурда, огоҳонида шудаанд.

         4. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе:                     -корҳои бартарафсозӣ ва лоиҳакашии иншоотро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва қоидаю меъёрҳои сохтмонӣ-шаҳрсозӣ иҷро намояд;

         - ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таклифи идораҳои дахлдори шаҳрро, ки дар санади ҷудо намудани қитъаи замин дарҷ гардидаанд, ба инобат гирад;

         -   ба  сохтмони  иншоот  пас  аз  иҷрои  талаботи   бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур, тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дастрас намудани хулосаи экспертизаи он, Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шуруъ намояд.

           5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.   

                                                                                                    М.УБАЙДУЛЛОЕВ