Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2013

 

Дар бораи баргузории озмуни байналмилалӣ ҷиҳати дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхонаи замонавӣ  барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модул, дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри  Душанбе


Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввалия тариқи ташкили сардхонаҳо дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои шаҳри Душанбе, бо дарназардошти Протоколи №294 ҷаласаи  Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 31 октябри соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Расмиёти хариди давлатӣ барои дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модули ҷавобгўй ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, дорои таҷҳизотҳои пурраи иқлимӣ, технологӣ ва омодаи истифодабарӣ, бо дарназардошти иштироки шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ дар ҳудуди:

-Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бо иқтидори нигаҳдории 2000 тонна, дар масоҳати 1152 м2;

-Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», бо иқтидори нигаҳдории 1000 тонна, дар масоҳати 576 м2;

-Маркази савдои муосир, воқеъ дар кўчаи Меҳнати шаҳри Душанбе,  бо иқтидори нигаҳдории 2000 тонна, дар масоҳати 1152 м2, бо баргузории тендери байналмилалӣ, тариқи иштироки номаҳдуди довталабон, ҷонибдорӣ карда шавад.

2.  Шартҳои гузаронидани озмуни байналмилалӣ оид ба дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модул барои Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  ва бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе тибқи замимаи №1 ва шартҳои техникии сардхонаҳо, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси маҳсулот ва таъиноти он мутобиқи шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

3.  Комиссияи тендерии тибқи замимаи №3 таъсис додашуда, эълони озмунро мутобиқ ба шартҳои тасдиқшуда тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла, сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расонда, ҷамъбасти онро дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 22 январи  соли 2014 таъмин намояд.

4.  Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Шарипова Г.Х.) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.), ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур, эълон ва мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани озмуни байналмилалӣ омода намояд.

5.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин гардонад.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Шартҳои

озмуни байналмилалӣ оид ба дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модул барои Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе

 

ШАРТҲОИ  ТЕХНИКИИ

сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо назардошти хусусиятҳои хоси маҳсулот ва таъиноти он мутобиқ ба шароити

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳайати

комиссияи озмуни байналмилалӣ оид ба дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, бо истифода аз модул барои Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе