«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2013

Қарори  раиси шаҲри Душанбе № 717 аз 10.12.2013

 

Дар бораи баргузории маҳфили фарҳангиву

фароғатии  «Базми солҳои 60 - 70 қарни гузашта»

 

Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» №8-31 аз 21 ноябри соли 2013 оид ба баргузор намудани маҳфили фарҳангиву фароғатии «Базми солҳои 60 – 70 қарни гузашта»-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.       Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТРК-Ватан» барои баргузор намудани маҳфили фарҳангиву фароғатии «Базми солҳои 60 - 70 қарни гузашта» 13 декабри соли 2013, аз соати 19:30 то 22:00 дар тарабхонаи КВД «Меҳмонсарои пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷозат дода шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиёнро дар мавзеи баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

3. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» пахши ролики тарғиботиро вобаста ба чорабинии мазкур тавассути мониторҳои дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр насбгардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев