Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 December 2013

ҲИСОБОТИ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  дар 11 моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе барои соли 2014

ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012»

Дар асоси банди 21 моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисоботи худро оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  дар 11 моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2014 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012 ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва бо истифода аз имконоти коммуникатсионии муосир манзури аҳли ҷомеаамон гардонида, мутмаинем, ки дар баррасии он ва ироаи пешниҳоди креативию ташаббусҳои наҷиб бобати тавсеа бахшидан ба фаъолияти  шаҳрдорӣ саҳмгузор хоҳед буд.

Мусаллам аст, ки соли ҳисоботӣ бо як зумра рӯйдодҳои хотирмони худ бо баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музаффарияти номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки раванди эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзиши олӣ доштани инсон, кафолати рушди муттасили иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёдкориҳо дар кишварамонро  таҳким бахшид, дар саҳифаҳои заррини таърихи давлатдории навинамон сабт хоҳад гашт.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар  фазои «Соли  ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №1-9 аз 15 марти соли 2010 то соли 2015 тамдид шудааст ва  дар доираи “30 моҳи ободонӣ” ба ифтихори  90 - солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе баҳри татбиқи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба хотири таъмини инкишофи устувори соҳаҳои хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ ва  ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, ки мақсад аз он ба ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои зайл, ки дар асоси классификатори намудҳои фаъолияти иқтисодии  байналмиллалӣ (ТУНФИ) тартиб дода шудаанд, муваффақ гардид:

Матни пурра дар формати МС Ворд пешниҳод мегардад.