Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 December 2013

19  декабри  соли 2013  иҷлосияи ҳабдаҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

     -Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33.

          -Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012».

   -Дар бораи номивазкунии маҳаллаи Авул 1

  - Дар бораи номивазкунии маҳаллаи Авул  2

- Дар бораи номивазкунии кучаи Федини шаҳри Душанбе

- Дар бораи номивазкунии кучаи Репини шаҳри Душанбе

- Дар бораи номивазкунии кучаи Чкалови шаҳри Душанбе

- Дар бораи номивазкунии кучаи Клара Сеткинаи  ноҳияи Фирдавсӣ

 -Дар бораи номивазкунии кучаи Спартаки шаҳри Душанбе             

    -Дар бораи  ворид намудани тағйирот ба  замимаи Карори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҳайати Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе

    - Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3

     - Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

     - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе,  шуруъ намуданд.

Дар иҷлосия  аз ҷониби вакилон зимни баррасии гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  А. Пиров  дар бораи натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум Сафаров Зафар Абдуллоевич, ки аз ҳавзаи интихоботии №33 интихоб гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Сипас, бо дарназардошти таъмини шаффофият ва дастрасии озоди аҳли ҷамоатчигии шаҳр, дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj 18 декабри соли 2013 комилан интишор шудани манти ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013 нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2014 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012» вакилон ба баррасии васеи он шуруъ намуда, зимни музокирарониҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе: А. Рауфӣ, А. Абдурасулов, А. Самадов, М Каримова, А. Ҳабибов, З. Шарипов ва вакилон Н. Шоев ва М. Турсунова ҳисоботи Раиси шаҳри Душанберо, ки фарогири самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2013 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар иҷлосия доир ба тавсеаву тақвияти фаъолият дар бахшҳои фарогири хоҷагидории шаҳр дар соли 2014, аз ҷумла, афзуд, ки соли 2014  барои Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва кулли сокинони он соли хело арзишманд маҳсуб меёбад. Дар соли пешорӯ ҳамвора бо амалисозии барномаҳои ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр нигаронидашуда, ки аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки шаҳрдорӣ ба шумор рафта, барои тасдиқ манзуратон гардидааст, ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри азизамон Душанбе таҷлил карда мешавад ва ин санаву ҷашнвора бо барномаи мушаххасу мутантан истиқбол гирифта хоҳад шуд.

Бо дарназардошти муҳиммияти соли 2014, ки дар шаҳрамон як идда чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва 90-солагии пойтахт баргузор мегардад, таваҷҷуҳи бештар ва зарфиятҳои мавҷуда ба беҳбудбахшии намои меъморӣ ва рушди сохтмон, қабл аз ҳама дар қисмати марказии шаҳр равона мегардад. Дар асоси қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр бо сафарбарсозии имкониятҳои буҷети шаҳр ва сармояҳои соҳибкорӣ баҳри амалисозии муқаррароти Нақшаи генералӣ дар кӯчаҳои А. Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқҳои соҳибмулкони иншооти мавҷуда татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ шуруъ карда шуд ва ин раванд бо суръати баланд идома меёбад. 

Дар ин росто шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст дар марҳилаи феълӣ зарфиятҳои худ ва тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқии ба сохтмон таваҷҷуҳдоштаро танҳо барои амалисозии Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр равона созад.

Аз ин рӯ аз кулли хоҳишмандони иштирок дар барномаҳои сохтмонии шаҳр даъват ба миён овард, ки вобаста  ба ин муқаррарот дархостҳояшонро ба баррасии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Раиси шаҳр афзуд, ки маҳз дар соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмони асосӣ ҳаҷми маблағҳои азхудкардашуда аз якуним миллиард сомонӣ зиёд гардида, дар 11 моҳи соли равон 1 милиарду 581 миллион сомониро ташкил дод ва то охири сол ба 1,8 миллиард сомонӣ хоҳад расид. Ин маънои онро дорад, ки ҳар рӯзи корӣ дар пойтахт ба ҳисоби миёна азхудкунии маблағгузории асосӣ 6,8 миллион сомониро ташкил менамояд. Бо инобати чунин вусъатёбии раванд афзуд, ки потенсиали мавҷудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар шаҳр, сатҳи кунунии Бозрасии давлатии меъморӣ ва сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр ва имкониятҳои техникии онҳо кафолати иҷрои самараноки вазифаҳои гузошташудаашонро таъмин карда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳрро вазифадор намуд, ки дар соли 2014 дар ҳамкории бевосита бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳо ва масъулини соҳа барои коркард ва татбиқи стратегияву механизми боэътимоди назорати ҷараёни сохтмон Барномаи махсусро таҳия намуда, бо тасдиқи он тибқи талаботи муқарраргардида ҷиҳати амалисозии Барнома чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамзамон, бо инобати он, ки маъракаи эҳёи инфрасохтории ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳиявӣ ва ҷалби зарфиятҳои молиявии  сокинон ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил, Шӯрои хонаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию соҳибкорон ва роҳбарони субъекти хоҷагидории дар ин ҳудудҳо ҷойгирбуда идома дода хоҳад шуд, баҳри татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо”, ки солҳои 2012-2014-ро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе эълон намудааст, дар соли оянда низ 30 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва 100 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети ноҳияҳои шаҳр ба ин мақсад сафарбар намуданашон вусъат дода мешавад.

 Гузашта аз ин, зикр сохт, ки бо дарназардошти афзоиши босуръати шумораи автомошинаҳо тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар соли 2014 ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати мунтазам ва дастёфтан ба коҳишёбии танбашавии воситаҳои нақлиёт, шаҳрдорӣ идома ба татбиқ гардидани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” тавассути насби камераҳои мушоҳидавӣ дар роҳҳои нақлиётии шаҳр, Барномаи сохтмони роҳҳои нави автомобилгарди васеи дорои чорсӯҳои бисёрқабатаро мавриди амал қарор хоҳад дод ва нишони тарҳрезии ин амалро татбиқи лоиҳаи инвеститсионии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  оид ба азнавсозии  роҳи хиёбони И. Сомонӣ аз гардиши кӯчаи Сино то дарвозаи Ғарбии шаҳр собит хоҳад намуд. 

         Инчунин зикр намуд, ки бо вусъати корҳои сохтмонӣ Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, ки дар маҷмуъ 1800 ҷойҳои нави кории тиббиро ташкил медиҳад, ҳамчун ишнооти ҷашнӣ  ба истифода дода хоҳад шуд. Зимнан Раёсати тандурустии шаҳрро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бобати таъминоти Беморхонаи мазкур бо мутахассисони соҳибтаҷриба тавассути озмун чораҳои таъхирнопазир андешад. 

Дар самти хуррамгардонӣ ва беҳбудбахшии муҳити экологии шаҳр беш аз 3 ҳазор дарахтони ба иқлими кишвар мутобиқ ба маблағи зиёда аз 22 млн сомонӣ аз Шоҳигарии Белгия харидорӣ гардиданд ва имрӯзҳо шинонидани онҳо дар боғҳои Устод Рӯдакӣ, Пойтахт, Дӯстии Халқҳо ва хиёбону кӯчаҳои шаҳр идома доранд ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ боғи нави Наврӯзгоҳ дар масоҳати наздики 12 гектар бо дарахтони нодиру фаввораҳои муҳташам бунёд шудааст.

Баҳри мусоидат ба ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ниёзи аввалия дар тамоми фасли сол 3 сардхонаи муосир бо иқтидори нигаҳдории дар маҷмуъ 5 ҳазор тонна маҳсулот ва дар кӯчаи Меҳнати ноҳияи И. Сомонӣ барои хизматрасонии сокинон Маркази савдои муосир бо масоҳати умумии беш аз 17,5 ҳазор м2 ва дар кучаи Карамов Қасри теннис барои 3000 ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар солҳои 2014-2015 ба истифода дода мешаванд.

Новобаста ба ин, зикр сохт, ки дар баробари арзу шикоят ва муроҷиатҳои зиёде, ки тавассути сомонаҳои шаҳрдорӣ ворид мегарданд, боиси нигаронист, ки на дар ҳама маврид аҳли ҷамоатчигиамон бо пешниҳодоти мушаххасу муфид баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои ҳаётан муҳимми шаҳр ва беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо саҳми босазои  худро мегузоранд, гарчанде мо ба потенсиали зеҳнӣ ва ташаббусҳои созандаи онҳо доимо такя мекунем ва хоҳем кард.

Дар соли 2014 маҳсулоти умумии минтақавии шаҳр дар ҳаҷми 7044,4 млн.сомонӣ дар назар аст ва он дар заминаи беҳтар шудани нишондиҳандаҳо дар тамоми  соҳаҳои хоҷагидорӣ ва пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ ба даст оварда мешавад. Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот, ташкили корхонаҳо, зиёдшавии воҳидҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсолот ташкил намудани зиёда аз 21 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳиссаи худро мегузорад.

Маҳмадсаидл Убайдуллоев аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, фаъолони гуруҳи Фейсбук ва воситаҳои ахбори омма дар роҳи амалисозии барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрдорӣ, ки дар маҷмуъ барои инкишофи озодонаву шароити арзандаи зиндагии сокинони шаҳр нигаронида шудаанд, сипоси бепоён намуда, бар он муътақид гашт, ки дар соли нав низ ин тафоҳуми созандагӣ чун машъали зиндагии қонунсолорӣ ва масъулиятшиносӣ ҳамагонро баҳри шукуфоии шаҳр  ҳидоят менамояд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома аз ҷониби вакилон номи маҳаллаи Авул 1-и шаҳри Душанбе ба Бунёдкорон, маҳаллаи Авул 2 ба Ободкорон, кучаи   Федини шаҳри Душанбе ба номи Ғуломов Асадулло, кeчаи  Репини шаҳри Душанбе (бо 5 гузаргоҳаш) ба номи Мирзоев Хайрулло, кучаи   Чкалови шаҳри Душанбе (бо гузаргоҳаш) ба номи Қандил Ҷӯраев, кучаи Клара Сеткинаи ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Нарзибеков Маҳмудбек ва кучаи Спартаки шаҳри Душанбе ба номи Гурминҷ Завқибеков иваз карда шуданд.

Ҳамзамон ба ҳайати Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе бо Қарори Маҷлиси вакилон тағйирот ворид гардида, вакилон бинобар сабаби фавт ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3 Одинаев Саъдӣ Нурмаҳмадовичро  пеш аз муҳлат қатъ намуда, барои ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарори дахлдор қабул ва Қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳо қабулкардаи Раиси шаҳри Душанберо тасдиқ  намуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев бобати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва созандаи аҳли ҷамоатчигӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли сипаришаванда, инчунин нисбати корҳои омодагиву зимистонгузаронии воқеӣ ба тамоми сохторҳои дахлдор миннатдории самимии худро иброз намуда, дар Соли нави 2014 -– соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Сулҳ – Душанбе саодатмандӣ, комёбиҳои беназир ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.