Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 December 2013

23 декабри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили таъмини беҳдошти вазъи санитарию экологӣ дар ҷойҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо,  риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи сокинон ва ҳолати татбиқи чораҳои маъмурӣ нисбати хилофкорон аз ҷониби сохторҳои масъули назорати давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бастани шартномаҳои мутақобила бо шаҳрвандон аз тарафи субъектҳои хизматарасони коммуналӣ, ташкили фаъолияти муназзами лифтҳо дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби соҳибмулкон, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини истифодаи умум ва пешгирии ѓасби худсаронаи замин дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва назорати ҳифзу истифодаи ҳадафмандонаи моликияти коммуналӣ мавриди баррасии шаҳрдор қарор гирифтанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба масъалаҳои матраҳгардида ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа дошта, оид ба тақвияти чораҳо ва вусъат бахшидан ба татбиқи қарору барномаҳои шаҳрдорӣ дар самти созандагӣ,  ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист муқаррар сохт, ки шуруъ аз 2 январи соли 2014 ҳар шанбе рӯзи назорат аз ҷараёни чигунагии татбиқи тадбирҳои роҳандозишуда бо ташкили корҳои оммавии ободонӣ ба ифтихори таҷлили 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе эълон карда мешавад.

Ҳамзамон нисбати фаъолияти масъулин оид ба ташкили назорат ва  ҳифзу истифодаи мақсадноки моликияти коммуналӣ Раиси шаҳр изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки мутаассифона ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки бинобар беназоратии масъулини соҳа сохторҳои ноҳиявӣ ба амалҳои ѓайриқонунӣ даст мезананд, зеро  манзилҳои истиқоматии моликияти коммуналӣ бо мусоидат кардан аз ҷониби сардорони ташкилотҳои идоракунанда ва дар баъзе ҳолатҳо бевосита аз ҷониби худи сардорони корхонаҳои хизматрасон ба шаҳрвандон бе қарори  соҳибмулк ва бастани шартномаи дахлдор бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дода мешаванд, ки дар ин ҳолат ҳуқуқу манфиатҳои давлат поймол карда мешавад.

Чунончи, Маҷидов М.М. ҳамчун сармуҳандиси Корхонаи воҳиди «Манзилхизматрасон» №4-и ноҳияи И. Сомонӣ  кор карда, бо мусоидат намудани сардори корхона  Қаюмов Ҳ. С. дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, бинои 17/6, ҳуҷраи 25 бе Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва бе бастани шартномаи дахлдор бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо аҳли оилааш муддати 7 моҳ зиндагӣ намуда истодааст.

Ё ин ки ба ин монанд шаҳрванд Нурмадов С. мутахассиси КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, бинои 17/2, ҳуҷраи 19 ва шаҳрванд Шодиев К.А. сарнозири минтақавии  ШВКД-и ноҳияи Фирдавӣ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, бинои 17/2, ҳуҷраи 33 бо мусоидати сардори корхона Қаюмов Ҳ.С. ба манзилҳои истиқоматии мазкур даромада, муддати 7-9 моҳ зиндагӣ карда истодаанд.

Маҳз сардори  Корхонаи воҳиди «Манзилхизматрасон» №4 Қаюмов Ҳ. С аз ҳадди ваколатҳои хизматияш баромада, бо ин роҳ 5 квартираҳои моликияти коммуналиро бе қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва бе бастани шартномаи иҷора бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ѓайриқонунӣ ба шаҳрвандон ба муҳлати то 1 сол додааст, ки  нисбати чунин худкориҳо мавсуф бо Қарори марбутаи раиси ноҳияи И.Сомонӣ аз вазифа озод карда шуд.

Дар иртибот ба ин аз ҷониби шаҳрдор ба муваққатан  иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Одинаев Ҷ.Т. танбеҳ эълон гардида, вазифадор карда шуд, ки бо ташкили назорати истифодабарии амволи коммуналӣ нисбати хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро  татбиқ намояд.