«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 May 2010

Бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаи дави миллӣ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №225 аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рўзи дави миллӣ»  чорабинии варзишии мазкур мутобиқ ба Қарори шаҳрдории Душанбе 16 майи соли 2010 соати 08:00 баргузор карда мешавад.

Рўзи дави миллӣ  бо хатсайри  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз самти гардиши дидбонгоҳи БДА дар мавзеи Чорбоғ то пули назди иншооти "Аквапарк" дар масофаи 10 км бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигии пойтахт  сурат мегирад.

Бо ин мақсад ҳаракати нақлиёт дар самтҳои муайянгардида аз соати 8:00 то соати 10:00  манъ карда шуда, аз ронандагони  воситаҳои  нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар соатҳои мутазаккира аз дигар роҳҳои шаҳр истифода намоянд.

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  ва раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ муваззаф гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикргардида чораҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе