Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 January 2014

Озмуни дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти «Ободонии Боғи кӯдакон бо назардошти таҷдид ва азнавсозӣ»

 

Бо мақсади таъмин намудани шароити мусоид ва бехатари истироҳат барои  кӯдакону наврасони пойтахт тавассути бунёд намудани боғи фарҳангу фароғатии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, барои дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи лоиҳаи иншооти «Ободонии Боғи кӯдакон бо назардошти таҷд-ид ва азнавсозӣ», ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (кӯчаи Шотемур) ҷойгир шудааст, мувофиқи Шартҳои замимагардида 7 феврали соли 2014 озмуни кушод доир мегардад.

Довталабон дархостҳои худро барои иштирок дар озмун то 5 феврали соли 2014 ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев 24, (почтаи электронӣ: zokirk@yandex.ru) пешниҳод намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-14-45, 233-81-74.

 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 739  аз  13.12.  соли 2013


Шартҳои озмуни кушод оид ба интихоби лоиҳакашони асосии ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯӣ, лоиҳавӣ ва харҷномавии иншооти

 

Консепсияи лоиҳа