Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 January 2014

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Нарзибеков Маҳмудбек, ки дар тараққиёти шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштааст, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгуи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                     

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Кучаи   Клара Сеткинаи ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Нарзибеков Маҳмудбек  номгузорӣ карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ (Алиев С.А.)  бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад.

 

              Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                   М.  УБАЙДУЛЛОЕВ