Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 January 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №806 аз 13.12.2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор вобаста ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, аз ҷумла пешгирии пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мегарданд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои дар банди 1 Қарори мазкур зикргардида чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Муқаррар карда шавад, ки рафти иҷрои Қарори мазкур   дар ҷаласаҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор мегирад.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

         5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

         №806 аз 31.12.2013

 Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе


           Р/Т

Номгўи чорабиниҳо

Мутасаддӣ

Муҳлати иҷро

1

Гузаронидани рейдҳои муштарак бо ҷалби намояндагони сохторҳои дахлдор ва муайян намудани ҳолати воқеии пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

Муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии  «Душанбенақлиет-хадамотрасон»

Моҳҳои январ –марти соли 2014

2

Омода намудани диск бо пахши нутқ оид ба талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои дахлдор оид ба бехатарӣ дар роҳ ва тавассути субъектҳои хоҷагидорие, ки хатсайрҳо барояшон вобаста гардидаанд, дастрас намудани    нусхаҳои он ба    ронандагони воситаҳои нақлиёти истифодаи умумии ба мусофиркашони машғулбуда 

Муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Январи соли 2014

3

Дар қарордодҳои байни ронандагони воситаҳои нақлиёти истифодаи умум ва субъектҳои хоҷагидори басташаванда, ки хатсайрҳо барояшон вобаста гардидаанд, пешбинӣ намудани  муқаррарот бобати истифода накардани мусиқиҳои ғайритарбиявӣ  ва ба заммаи ронандагон вогузор намудани масъулият барои риоя накардани муқаррароти мазкур  

 Муовини Раиси шаҳри Душанбе,  Муассисаи давлатии «Душанбенақлиет-хадамотрасон»

Январи соли 2014

4

Мунтазам дар ситодҳои кории назди муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони субъектҳои хоҷагидори дар соҳаи нақлиёт фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи  пахши  садои мусиқи дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М.

Доимӣ

5

Ҷоннок намудани фаъолияти телефонҳои боварӣ ҷиҳати муроҷиат намудани истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти истифодаи умум зимни ошкор гардидани камбудиҳо вобаста ба  пахши  садои мусиқи дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

Шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Доимӣ

6

Таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба муайян намудани категория ва мазмуни мусиқиҳои пахшшаванда, ки минбаъд дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе истифода мешавад

Бозрасии назорати давлатии автомобилии шаҳри Душанбе,

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Доимӣ

7

Омода намудани роликҳои тарбиявӣ ҷихати пахши минбаъдаи онҳо дар фосилаи мусиқиҳои батанзимдаровардашуда дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

Бозрасии назорати давлатии автомобилии шаҳри Душанбе,

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Доимӣ