«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 January 2014

11 январи соли 2014 КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи  натиҷагирӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2013 баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов ва масъулини идораву муассисаҳои зертобеи шаҳрдорӣ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ва роҳбарони  субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ сурат гирифт.

  Зикр гардид, ки чун ҳамеша масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт ва дар соли ҳисоботӣ баҳри татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба хотири муваффақ гардидан ба таъмини рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, шаклҳои мухталифи моликият, ҷалби сармоягузори дохиливу хориҷӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, нишондиҳандаҳои нақшавӣ асосан пурра таъмин гардид.

Аммо новобаста аз ин, таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои комплекси саноатии шаҳр нишон дод, ки иҷроиши нақшаҳо оиди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулот, аз он   ҷумла, маҳсулоти ниёзи  мардум, суръати афзоиш, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои нав, ки яке аз вазифаҳои асосӣ муқаррар гардида буд, мутаассифона бо пуррагӣ таъмин карда нашуд.

Аз ҷониби 259 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти соҳибкорони инфиродӣ, дар ҳаҷми 908,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2012-ум 83,4 млн.сомонӣ кам мебошад.

Сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ин қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  ҶСК «Тоҷиксемент» истеҳсоли сементро бо сӯзишвории ангишт ба роҳ монда аз моҳи сентябр ба фаъолият шуруъ намуд ва дар ин давра ба маблағи 29 696 067 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин ҳамагӣ ба 18,2 %-и ҳамин давраи соли 2012 (163 088 857 сомонӣ) баробар гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҳисоботӣ 151 корхонаи саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 100,2 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд. Ин нишондод дар ноҳияҳои шаҳр чунин аст: ноҳияи Шоҳмансур 26 -корхона ба маблағи 13,7  млн. сомонӣ, ноҳияи И.Сомонӣ 27 -корхона ба маблағи 6,6 млн. сомонӣ, ноҳияи Сино 52 -корхона ба маблағи 65,9  млн.сомонӣ,   ноҳияи Фирдавсӣ 46 -корхона ба маблағи 14,0  млн. сомонӣ.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе 15 (понздаҳ) корхонаи нав бо шумораи умумии 257 коргар, аз ҷумла: ширкати муштараки Тоҷикистону Эронии “Ориён сурангмедикал ЛТД” (истеҳсоли сӯзандору) бо шумораи 25 коргар, ҶДММ “Анас-ОА” (маҳсулоти қаннодӣ) бо 41 коргар, ҶММ “Раҳим-2013” (маҳсулоти қанодӣ) бо 10 коргар, ҶММ “Оҳан” (истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бо 25 коргар), ҶММ “Шафоат-2013” (истеҳсоли ҳасиб бо 18 коргар) дар ноҳияи Сино, ҶДММ “Покиза-М” (истеҳсоли ҳасиб) бо 22 коргар, ҶДММ “Солеҳ-2013” (масолеҳи сохтмонӣ бо 9 нафар коргар) дар ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ “Лотос” (қоғази ташноб ва дастпоккунакҳои қоғазӣ) бо 5 коргар, ҶДММ “Кадбону М” (маҳсулоти қанодӣ) бо 16 коргар, ҶММ “Муҳаммадҷон-2013” (коркарди алюминий 7 коргар), КВД “Истеҳсол ва таъминкунии ВКД ҶТ” (истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ 24 коргар);  ҶММ “Ясмин Фуд” (истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ 16 коргар) дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҶММ “Аржанд” (маҳсулоти қанодӣ) бо 20 коргар, ҶММ “Нони Шоҳон” (қаннодӣ 9 коргар), ҶММ “Шукри Аллоҳ” (маҳсулоти сохтмонӣ 10 коргар) дар ноҳияи И. Сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳаҷми 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Новобаста аз ин, таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои комплекси саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли равон нишон дод, ки тамоюли пастшавии суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе дар иртибот ба аз фаъолияти истеҳсолӣ боз мондани ҶСК “Тоҷиксемент” боқӣ монд.

Аз 71 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2013 истеҳсоли 41 (57,7 фоиз) номгӯй афзуда, истеҳсоли 25 (35,2 фоиз) номгӯй кам шуда, 5 (7,1 фоиз) номгӯй: инҳо черепитса аз семент ва рег, дару тиреза аз шиша, қубурҳо ва пайвасткунакҳои асбестӣ, молҳои сахти чармӣ ва спирти техникӣ дар ин давра истеҳсол нашудааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи як корманди соҳаи саноат дар умум (саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати коркард ва дар нерӯи барқ, газ ва таъминоти об) 900,62 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,9% зиёд гардидааст (соли гузашта 751,02 сомонӣ).

Шумораи коргарон дар корхонаҳои саноатии пойтахт дар моҳи ноябри соли ҳисоботӣ 18 440 нафарро ташкил дод, ин нишондод  нисбати ҳамин давраи соли 2012-ум 5,4 % (соли гузашта 17488 нафар) зиёд аст .

 Ҳамзамон, дар моҳҳои январ-декабри соли равон  72 корхона ё ин ки 27,7 % аз ҳисоби умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи  190 млн. сомонӣ коҳиш доданд.

 Аз ҷумла дар  ноҳияҳо: Шоҳмансур 13- корхона ба маблағи 7,9 млн. сомонӣ, И.Сомонӣ 8 -корхона ба маблағи 146,5 млн. сомонӣ, Сино 33 -корхона ба маблағи 22,5 млн.сомонӣ ва Фирдавсӣ 18  корхона ба маблағи 13,1 млн. сомонӣ ба пастравии суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ роҳ додаанд.

 Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун сохтори фармоишгари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли ҳисоботӣ иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкуниро дар 78 иншоот  ба  роҳ  монда, дар 37 иншоот корҳои лоиҳакашӣ-муҳаққиқиро иҷро намуда, 43 иншоотро мавриди истифода қарор дод.

        Азхудкунии маблағгузории асосӣ тавассути ин Раёсат 417,6 млн сомониро ташкил дод, ки аз ин 351,1 млн.сомониаш корҳои сохтмонӣ- васлкунӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 2,2 баробар (дар соли 2012-ум 189,1 млн. сомонӣ )зиёд мебошад.

            Дар маҷмуъ соли 2013 дар шаҳр бори нахуст дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 202 ҳазор м2 манзил аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба истифода додашуда, дар ҳаҷми  беш аз 1,9 млрд сомонӣ маблағҳо дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо азхудкаргардида, ба маблағи беш аз 1,3 млрд сомонӣ фондҳои асосӣ азхуд карда шуданд.

Тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум,  №1-9 аз 15 марти соли 2010 солҳои 2010-2015 панҷсолаи рушди инфрасохторӣ муқаррар гардидаанд ва аз ин лиҳоз, сохтмон, азнавсозӣ ва дар ҳолати мутобиқи меъёрҳо нигоҳ ва ба истифода додани роҳҳо дар соли сипаригардида низ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа мавриди иҷроиш қарор дошт.

Бо назардошти нақшаю чорабиниҳо оиди таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар 36 иншооти роҳсозӣ, аз ҷумла: дар 18 иншооти роҳсозӣ, ки масофаи онҳо 15,82 км мебошад, корҳои таъмиру азнавсозиро ба итмом расонида, дар 18 иншооти дигари роҳсозӣ дар масофаи 24,28 км корҳо идома доранд.

Масофаи умумии иншоотҳои роҳсозӣ 40,1 км ва масоҳаташон 671 414 м2-ро ташкил дода, маблағи  корҳои иҷрошуда ба 228 884,6  ҳазор сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин 18 иншооти роҳсозӣ ба маблағи 159 402,8 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон, тазаккур бояд дод, ки дар баробари 15,82 км роҳҳо бо масоҳати 306901 м2, инчунин, пиёдароҳҳо 29,69км бо масоҳати 81709 м2, кабудизоркунӣ дар масоҳати 31872 м2 ва шинонидани дарахту буттаҳо ба миқдори 2561 адад, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ дар масофаи 28,49 км, дар 23 қитъаи иншоотҳо чароғакҳои роҳнамо ва 840 адад аломатҳои бехатарии роҳ, 7,0 км хатҳои барқии нақлиётӣ бо 173 адад сутунҳои оҳанин, дар масофаи 21,05 км равшании беруна бо 551 адад сутунҳои оҳанин ва 1055 адад фурӯзонакҳо, 2,33 км қубурҳои обу корезӣ, қубурҳои оби гарм дар масофаи 1,44 км, хатҳои баландшиддати барқӣ 18,05 км, хатҳои алоқа дар масофаи 7,01км ва дар масофаи 0,9 км қубурҳои газ ба истифода супорида шудаанд.

Маълумоти бештар дар формати МС Ворд пешниҳод мегардад.