Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 January 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №14 аз 23.01.2014

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи Саид Носиров

 

Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №1/26 аз 21 январи соли 2014-ро баррасӣ намуда, бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №282 аз 14 майи соли 2013 «Дар бораи ғолиби тендер»  оид ба «Сохтмони селпарто тариқи кӯчаи Саид Носиров» ҷиҳати кӯчонидан ва пайваст намудани қубурҳои Ø-300 мм ва Ø-500 мм ба қубурҳои амалкунанда дар кӯчаи Саид Носиров, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқагардидаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба  муваққатан аз соати 800 рӯзи 29 то соати 800 рӯзи 30 январи соли 2014 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубурҳои  Ø = 300 мм ва      Ø = 500 мм, воқеъ дар кӯчаи Саид Носиров,  ҷонибдорӣ карда шавад.

 2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни таъмир, пайвасткунӣ ва кӯчонидани қубурҳои Ø-300 мм  ва Ø-500 мм, воқеъ дар кӯчаи Саид Носиров, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Исмоили Сомонӣ:

            - кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носиров, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон;

            ноҳияи Сино:

                   - маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ ва Варзишгоҳи марказӣ қатъ мегардад. 

3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» - Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат карор диҳад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                                М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

оиди муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи Саид Носирови ноҳияи Исмоили Сомонӣ

    

Номгӯи чорабиниҳо

Вақти иҷроиш

Мутасаддӣ

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи радио ва телевизион, барои зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ ба муддати 24 соат

як шабонарӯз қабл аз оғози корҳо

МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

Боздоштани интиқоли об дар  қубурҳои Ø -300 мм ва Ø - 500 мм дар кӯчаи С.Носиров

аз соати 0800 то 1100  рӯзи 29 январи  соли 2014

 

КВД «Обу корези Душанбе»

Буридани ҷои пайвастшавии қубурҳо

аз соати 1100 то 1500 рӯзи 29 январи  соли 2014

 

ҶСК «Сохтмон Таъмир»

Пайвасти қубурҳои  ивазгардида ба қубурҳои амалкунанда

аз соати 1500 рӯзи 29 январ то соати    06-00 рӯзи 30 январи   соли 2014

 

ҶСК «Сохтмон Таъмир»

Ба кор даровардани қубурҳои Ø-300 мм ва             Ø-500 мм дар кӯчаи С.Носиров  ва бо об таъмин намудани истифодабарандагон

аз соати 0600 то 0800 рӯзи 30  январи соли 2014

КВД «Обу корези Душанбе»