Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 January 2014

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 170 аз 10 апрели соли 2012 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 170 аз 10 апрели соли 2012 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии шаҳри Душанбе ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр  намудани  мубориза  бар  зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар худуди марзию маъмурии шахри Душанбе» тағйироти зерин ворид карда шаванд:

         1. Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустии аҳолии шаҳри Душанбе, ки дар замимаи №1 Қарор таъсис гардидааст аз нав дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

         2. Пас аз банди 5 Қарори мазкур  банди алоҳида дар шакли зайл илова карда шавад: «Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои ташкили баргузории вохӯриву суҳбатҳо ба мақомоту сохторҳои мутасаддӣ мусоидат ва барои баргузории вохӯриҳо ҷойҳои мувофиқу шароитҳои зарурӣ фароҳам сохта, ҳамзамон тавассути эълон дар воситаҳои ахбори омма як ҳафта қабл шаҳрвандонро аз рӯз, вақт ва ҷойи баргузории вохӯриҳо огоҳ намоянд.»

         3. Дар Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр  намудани  мубориза  бар  зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, ки бо замимаи №3 Қарор тасдиқ гардидааст, дар қисми «Муҳлати иҷро» ҳамаи муҳлатҳо ба таври «доимӣ» муқаррар карда шаванд.

         4. Бандҳои 6,7, ва 8 Қарори мазкур мутаносибан бандҳои 7,8, ва 9 ҳисобида шаванд.

            М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

                                                          ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                          №25 аз 23.01.2014

ҲАЙАТИ

Шӯрои назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту сохторҳои шаҳрӣ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

1

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Шӯро

2

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи фарҳанг ва иҷтимоиёт, ҷонишини раиси Шӯро

3

Мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, котиби Шӯро

 

Аъзоёни Шӯро

4

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иқтисод 

5

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи саноат ва энергетика

6

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия

7

Раиси ноҳияи Сино

8

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ

9

Раиси ноҳияи И.Сомонӣ

10

Раиси ноҳияи Шоҳмансур

11

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

12

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе

13

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

14

Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе

15

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

16

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

17

Сардори Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

18

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

19

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе