Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 February 2014

3 феврали соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама масъалаи саривақт бартарафсозии оқибатҳои бориши сахти барфу сардии ҳаво ва вобаста ба ин ҳолат тибқи супоришҳои қаблии шаҳрдорӣ зери назорати қатъӣ қарор додани фаъолияти самараноки ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, махсусан муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, сафарбарсозии техникаҳои коммуналӣ барои беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиёту пиёдагард аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ, таъмини муназзами аҳолӣ бо барқ, оби ошомиданӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои дахлдор дар ин давра ва иҷроиши босареъияти муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев махсус таъкид намуд, ки нисбати аз рӯи талаботҳои меъёрӣ ба хатсайрҳо сафарбарсозии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии коммуналию хусусӣ масъулин тамоми чораву имкониятҳоро андешанд ва дар ин самт назорати ҷамъиятӣ низ пурзӯр карда шавад.

Дар ҷаласа, инчунин перомуни фаъолияти анҷомдодаи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар ду шабонарӯзи гузашта натиҷагирӣ намуда, шаҳрдор сипосмандии хешро ба кулли кормандон, қабл аз ҳама ба занҳои кӯчарӯб иброз дошта, ҷавобан ба заҳматҳои хастагинопазири ин тоифа занон муқаррар сохт, ки баҳри дастгирии иҷтимоии ҳар кадоме аз онҳо кӯмаки якдафъаинаи шаҳрдорӣ мутаносибан 1000 сомонӣ ба ҳар нафар дар рӯзҳои наздик омода карда шавад.

Дар иртибот ба ин аз кулли роҳбарони субъектҳои соҳибкории шаҳр даъват ба миён овард, ки дар ин маърака аз худ ташаббус нишон диҳад.

Зимнан масъулини шаҳрдориро муваззаф сохт, ки то иҷлосияи навбатӣ лоиҳаи санади дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар хусуси минбаъд ҳамасола дар моҳҳҳои декабр, январ ва феврал иловатан ба маоши вазифавии занҳои кӯчарӯб 1000 сомонӣ (700 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва 300 сомонӣ аз ҳисоби ноҳияҳо) иловапулӣ муқаррар намудан таҳия намояд. 

Идома бар он баҳри омодабошии шаҳр оид ба рафъи резиши барфи зиёд дастур фармуд, ки потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ низ фаровон истифода карда шавад. Дар ин росто таваҷҷуҳи кулли сокинони шаҳрро ба сарфакорона истифодабари нерӯи барқ ва риояи техникаи бехатарӣ нигаронида, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳрро  дастур фармуд, ки бобати пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар пойтахт чораҳои профилактикиро пурзӯр намояд. 

Ҳамзамон бо дахли масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр маротибаи дигар Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони пойтахтро бобати татбиқи якмароми муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, нигаронида, талаб намуд, ки чораҳои  бебозгашт таври доимӣ амалӣ карда шаванд.

Инчунин баҳри тақвияти чораҳо оид ба риояи танзими расму оин дар марзи шаҳри Душанбе дар ҷаласа масъулияти раисии комиссияи марбутаи шаҳрӣ аз муовини якуми Раиси шаҳр гирифта ба зиммаи муовини тозатаъини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. вогузор карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.