Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №272-4 аз 27 апрели соли 2010 ва №272-9 аз 29 апрели соли 2010  «Дар бораи баргузории тендер» оид ба «Барқароркунии чокҳои деформатсионии купруки дарёи Душанбе, воқеъ дар кўча Ҷомӣ»  ва «Таъмири асосии хатҳои обтаъминкунандаи гулгашту сабзазорҳои мансуб ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар шаҳри Душанбе»  бо мақсади самаранок истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ»  аз 17 майи соли 2010 то рўзи 8 июни соли 2010 ба озмун даъват менамояд.  

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва гузаронидани хатҳои обёрӣ ва маснуотҳои он;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи нозироти андоз;

- гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- маълумотҳои иловагӣ оиди дараҷаи тахассусии кормандон;

- маълумотҳо оид ба хаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ ва васлкунӣ дар 2-3 соли охир;

- маълумотнома оид ба техникаҳои дар тавозуни корхона мавҷуд буда;

- номгўи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблаѓи ҷудошуда;

- ўҳдадорӣ оиди ба итмом расонидани корҳои таъмирӣ, мутобиқи меъёрҳои сохтмонӣ;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмуниро метавонед аз нишонаи зерин:

-шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 48«а», Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ё бо Телефонҳо: 221-06-16, 221-03-80, 221-05-48 дастрас намоед.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкаммўҳрзада  7 июни соли 2010 то соати 1000 ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рўзи 8 июни соли 2010 соати 1700 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.