Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2014

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)»   аз  5 феврал то 5 декабри соли 2014 ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.           Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»                 (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)»   мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ. ) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

   М.УБАЙДУЛЛОЕВ