Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 February 2014

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид

ба иҷрои барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни

70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги

Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №440  аз 4 октябри соли 2013 «Дар бораи Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани мардум ва ҳамчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои ҷашни 70-солагии Ғалаба бо дар назардошти эълони соли 2015 -  соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» 

 

Қарор мекунам:

1.     Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №440  аз 4 октябри соли 2013 қабул гардидааст, ба инобат гирифта шуда, Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  иҷрои  барномаи мазкур тасдиқ карда шавад.

2.     Сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои  мушаххас андешанд.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ барои барқарор намудани саломатии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда роҳхатҳоро ба осоишгоҳ ва дигар табобатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ таъмин намуда, барои бархӯрдор гардидани онҳо аз имтиёзҳое, ки аз талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бармеоянд, чораҳо андешанд.

4.     Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. ва раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ Алиев А.С., Шоҳмансур Бобоев С.Қ., Сино Сафаров З.А., вазифадор карда шаванд, ки маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро бо сарпарастон аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидории шаҳриву ноҳиявӣ, новобаста аз шакли моликият, баҳри расонидани кӯмаки ҳамешагӣ дар асоси мувофиқаи тарафайн вобаста намуда, на дертар аз 28 феврали соли 2014 ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

5.     Аз шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як сокини пойтахт хоҳиш ба амал оварда шавад, ки дар асоси таблиғи Маромномаи сокини пойтахт ба таври ҳамешагӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг таваҷҷӯҳи хоса, ғамхорӣ ва муносибати некро зоҳир намоянд.

6.      Ҳама гуна ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор дар роҳи кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҳамчунин ятимону камбизоатон чун иқдоми доимӣ, мавриди истиқбол  қарор дода шавад.

7.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.      Назорати иҷрои ин Қарор ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев