Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2014

10 феврали соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами хоҷагидорӣ баргузор гардид.

Қалб аз ҳама Раиси шаҳр  таваҷҷуҳи аҳли ҳузорро ба  омодагиҳои ҳамаҷонибаи  шаҳрдорӣ ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки соли ҷорӣ чун Наврӯзи 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, нигаронида, ба муовини Раиси шаҳр Курбонова Р.А. дастур фармуд, ки дар қиболи таъмини иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 123-12 аз 20- декабри соли 2012 оид ба истиқболи ин ҷашнвора тасдиқгардида Консепсияи мушаххаси ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо инобати истифодаи зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва пешниҳодоти сокинони бурунмарзии Душанбе то 1 марти соли 2014  таҳия намуда, барои тасдиқ унвонии шаҳрдор манзур созад.

Дар ҷаласа инчунин масоили ҳолати роҳҳо, хизматрасонии нақлиёт, таъминот бо оби нӯшокӣ, вазъи санитарию экологӣ, вусъати раванди ислоҳоти соҳаи манзилию коммуналӣ, аз байн бурдани қарзи музди маош дар сохторҳои ғайрибуҷетӣ, рушди соҳибкорию  дастгирии минбаъдаи кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифтанд. Аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки дар муҳлати як моҳ бобати бо лавозимоту асбобҳои муосири корӣ таъмин кардани занони кӯчарӯб  муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо чораҳо андешида, аз натиҷаи он маълумот манзур созанд.