Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 February 2014


Дар бораи баргузории чорабинӣ бахшида ба 25-уминсолгарди баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи А.Мироненко

Муроҷиати Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 дар хусуси додани иҷозат барои гузаронидани чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи А.Мироненкоро  баррасӣ намуда, бо мақсади гиромидошт ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозоне, ки дар Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар Афғонистан қарзи башардўстонаи худро иҷро кардаанд ва поси хотири ҷовидонаи онҳо, ҳамчунин  тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз корнамоиҳои далерони башардўсти ҷавонони шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

1.     Ба Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди баровардани Қўшунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи А.Мироненко, воқеъ дар кўчаи Маяковский санаи 15 феврали соли 2014 аз соати 8:00 то 10:00 иҷозат дода шавад.

 

2.     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

 

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ  тадбирҳои лозимӣ андешанд.

 

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев