Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 February 2014

17 феврали соли 2014  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, ки дар он масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ ва масъалагузориҳои  шаҳрдор қарор гирифтанд.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати мусоидии боду ҳаво таваҷҷуҳи масъулин ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидориро ба ваъзи дарахтшинонӣ дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳр нигаронида, дастур фармуд, ки шинонидан ва нигоҳубини дарахтон танҳо тибқи барномаву нақшаҳои шаҳрдорӣ зери назорати қатъии дендрологҳо амалӣ карда шаванд.  Ҳамзамон итминон баст, ки таҷрибаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфту шинонидани ниҳолҳои баркамоли ороишию сояафкан баҳри хуррамию боғшаҳргардонии Душанбе бар ивази дарахтони зимни таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо, инчунин  бунёди дигар иншооти нақшавӣ бартарафшаванда самараи хуб хоҳад дод ва ояндаи наздик  ҳар сокину меҳмони шаҳр аз он баҳраманд хоҳад гашт.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, вокуниши босареъият ба матлабҳои воситаҳои ахбори омма ва воқеъияту самаранок истифодашавии воҳидҳои корӣ дар ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр ба риштаи таҳлил кашида шуданд. Дар ин зимн ба муовини Раиси шаҳр Назаров Б.М. дастур гардид, ки то 15 апрели соли ҷорӣ дар таносуби ҳар кадом субъекти хоҷагидори буҷетии шаҳр истифодашавии воҳидҳои кориро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба  Наврӯзи байналмилалӣ, ки ин навбат  дар соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе истиқбол карда мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тарҳрезии тасмимоти шаҳрдорӣ оид ба бошукуҳу мутантан пазиройӣ намудани иди миллӣ, муқаррар сохт, ки соли ҷорӣ он чун Наврӯзи ободии ҳар хонадон, ки маҷмуъан ба шукуфоии пойтахт нигаронида шудааст, таҷлил карда шавад.

Дар иртибот ба тақвияти чораҳои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ минбаъд баргузор намудани чорабиниҳои оммавии шаҳр дар ҷаласа қарор гардид, ки аз таҷрибаи мактаби волонтёрӣ таври васеъ истифода ва тавассути он кадрҳои лаёқатманд барои хизмати давлатӣ ҷалб  карда шаванд.