Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 March 2014

3 марти соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама бо инобати фарҷоми фасли сармо ва бар асари он дар минтақаҳои алоҳида ниёз ба таъмири ҷорӣ пайдо намудани роҳҳои нақлиётӣ масъалаи сафарбарсозии потенсиали сохторҳои ноҳиявӣ барои беҳдошти ҳолати роҳҳои нақлиёту пиёдагард, вусъати амалисозии тадбирҳо оид ба беҳбудбахшии ҳолати санитарию экологӣ, сабзкорию хуррамгардонии шаҳр тавассути шинонидану нигоҳубини дарахту ниҳолҳои ороишию сояафкан, дар доираи «30 - моҳи ободонӣ» омодасозии хонаву биноҳои истиқоматии шаҳрвандон ба истиқболи Наврӯзи ҳар хонадон  ва ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе ва бо инобати он назорати дарёфти шиносномаҳои тасдиқкунандаи воқеан омодагии  хонаву биноҳо дар таносуби ноҳияҳо аз ҷониби комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кулли роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ даъват ба миён овард, ки дар ин маърака ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои бо шуғли сазовор таъмин намудани сокинони шаҳр аз худ ташаббус нишон диҳад.

Ҳамзамон бо дахли масъалаҳои мубарами хоҷагидории шаҳр М.Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони пойтахтро ба татбиқи нишондодҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бароянда нигаронида, дастур фармуд, ки ҳар кадоме баҳри амалишавии онҳо ва барномаҳои созандаи шаҳрдорӣ чораҳои муассир андешанд. 

Инчунин, дар ҷаласа Раиси шаҳр аз дархосту пешниҳодоти фаъолони пойтахт пазиройӣ карда, бо ироаи супоришоти дахлдор оид ба ҳалли онҳо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Абдумуслим Темуровро барои фаъолияти пурсамараш дар ин симмат  аз номи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида, мавсуфро бинобар сабаби ба синни ниҳоии нафақа расидан бо хоҳиш худаш аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Бобоқул Муъминовро тибқи ризоияти хаттии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1-3/778 аз 28 феврали соли 2014   сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.