Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 March 2014

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии  2131 нафар занони роҳрӯб тибқи Қарори марбутаи  Раиси шаҳри Душанбе № 79-1 аз 28 феврали соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр  1 млн. 65 ҳазору 500 сомонӣ бо дарназардошти ба ҳар кадоме 500 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ нимаи аввали имрӯз 6 марти соли 2014 дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда мешаванд.