Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 March 2014

Нимаи дуюми 7 марти соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи модарон ва истиқбол аз қудуми мубораки фасли баҳор мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолзаноне, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти тантанавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро бо туҳфаву мукофотпулиҳои шаҳрдорӣ қадргардонӣ намуда, дар симаташон кулли модарон ва бонувони шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ итминон баст, ки  дар соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, бо тарбияи насли солиму дорои пешаи зиндагии қонунсолорӣ, бо ибрати шахсӣ риоят намудани танзими расму ойин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо дар ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.