Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2014

Дар бораи омодагӣ ба баргузории

Ниммарафони V  байналмилалии        

Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

       Бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ, дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани Ниммарафони V байналмилалии Душанбе, иҷрои Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии шаҳри Душанбе барои соли 2014, ки бо  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 175-17 аз 19 декабри соли 2013 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ :

1.  Ба муносибати Рӯзи пойтахт 19 апрели соли 2014 Ниммарафони V байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

2.  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Саймуддинов А.С.) дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута бо инобати дархости пешниҳодгардидаи Федератсияҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини расмиёти даъват ва иштироки варзишгарони варзида, кӯмак барои дарёфти раводиди онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, то 30 марти соли 2014 тартиби баргузорӣ, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба баргузории мусобиқа, бо дарназардошти муайян гардидани теъдоди иштирокчиён, меҳмонони ифтихорӣ ва давлатҳои иштироккунанда ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур созанд.  

3.   Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ва мутобиқ намудани он ба сатҳи байналмилалӣ ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

4.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба роҳ монад.

 5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ