Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2014

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади вусъатбахшии ҷараёни татбиқи Нақшаи генералӣ, тақвияти рушди соҳибкорӣ ва мусоидат намудан ба пешгирии баландшавии нархи хонаҳои истиқоматии бисёрквартирадор, дар доираи муқаррароти қаблии хеш бо дарназардошти санади Комиссия оид ба гузаронидани инвентаризатсияи ҳолати воқеии биноҳои истиқоматии сохташаванда, ки фармоишгаронашон тибқи тартиби муқарраргардида уҳдадории тариқи нотариалӣ тасдиқгардида оид ба ройгон ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе супоридани фоизҳои муайяни масоҳати истиқоматиро гирифтаанд, ба 16 Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, ки мутаносибан ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои бунёди биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрквартирадор ҷудо гардидаанд, тағйирот ворид намуд.

Мутобиқ ба он 14 шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки дар минтақаи дуюми шаҳр тибқи қарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳр сохтмони иншооти мутазаккираи манзилиро бо супоридани 5% -и квартираҳои бунёдшаванда тариқи ройгон ба тавозуни шаҳрдорӣ идома доранд, аз пардохти ин фоизҳо озод ва нисбати  2 шаҳрванде, ки дар минтақаи якум ин гуна сохтмонро амалӣ месозанд фоизи муқаррарии 10 ба 5 иваз карда шуданд.

Ҳамин тариқ, минбаъд зимни ҷудо кардани қитъаи замин аз ҷониби шаҳрдорӣ барои сохтмони иншооти манзилии баландошёнаи бисёрквартирадор дар марзи шаҳри Душанбе баҳри дастгирии соҳибкорӣ минтақаҳои дуюм ва сеюми Нақшаи генералӣ аз фоиз озод ва танҳо дар минтақаи якум 5% муқаррар карда мешавад.