Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 March 2014

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)», марҳилаҳои дуюм ва сеюм

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)», марҳилаҳои дуюм ва сеюм, ҷиҳати иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №767-1 ва №773 аз 27 декабри соли 2013 «Дар бораи ғолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 17 апрели соли 2013, бо дарназардошти муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур №1/312 аз 14 феврали соли 2014, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе №1-3/185 аз 18 феврали соли 2014 ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе №128/13 аз 19 феврали соли 2014,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

 

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, дар асоси санадҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №05/Ш аз 20 январи соли 2014, №06/Ш аз 21 январи соли 2014 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба аз байн бурдани дарахтони ба рафти сохтмон монеашаванда аз 12 феврали соли 2014, дарахтони иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)», марҳилаҳои дуюм ва сеюмро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, бо дарназардошти риояи меъёрҳои экологӣ амал намуда, ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва баҳри нигоҳубини онҳо дар оянда тибқи санади дахлдор ба тавозуни Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур супорад.

2.  Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 868 (ҳаштсаду шасту ҳашт) м3, тибқи муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур 434 (чорсаду сию чор) м3, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 217 (дусаду ҳабдаҳ) м3 ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 217 (дусаду ҳабдаҳ) м3, дар асоси борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№78-2 аз 25.02.2014

 

 

Нақшаи

шинонидани дарахтон дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи М.Назаршоев (аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯпруки кӯчаи А.Дониш)», марҳилаҳои дуюм ва сеюм»

 

№ р/т

Намуди дарахтон

Воҳиди ченак

Миқдор

Муҳлати шинонидан

Эзоҳ

1

2

3

4

5

6

1.

Кастона (каштан)

адад

400

20.10. то 10.11.2014

 

2.

Ёси ҳиндӣ

адад

200

10.11. то 20.11.2014

 

3.

Фарзисия ё дроки испанӣ

адад

200

10.11. то 20.11.2014

 

4.

Коштани чаман

м2

7500

1.11. то 20.11.2014