Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 79-7 аз 28 феврали соли 2014

 

Дар бораи баргузории  озмуни «Эҷодиёти

илҳомбахш» бахшида ба 90-солагии мақоми

пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади эҷоди асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳо, ҳамчунин пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои ҷолиб  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо дарназардошти мақоми шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибихтиёр ва маркази сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар, таҷассумгари тамаддуни муосир, ташаббускори иқдоми созандагиву бунёдкорӣ байни воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ ва эҷодкорону адибон гузаронидани озмуни кушод ва бо инобати Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011», ҳамчунин  дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.      Озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дар байни воситаҳои ахбори омма ва эҷодкорону адибон дар давраи аз 1 апрел то 1 июни соли 2014 гузаронида шавад.

2.      Шартҳо ва ҳайати ҳакамони озмун тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд..

3.      Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои қадр намудани ғолиби озмун дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

4.      Сармуҳосиби дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.Б.) истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро таъмин намояд.

5.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.    

                                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замимаи №2                              

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 79-7 аз 28 феврали соли 2014

 

Ҳ А Й А Т И

 ҳакамони озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе

 

1.    Меҳмон Бахтӣ                  -  Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,

                                                ҳамраиси  ҳайати ҳакамон (дар мувофиқа)

2.    Раҳимов Ф.Қ.                   -  Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии

                                                  Тоҷикистон, ҳамраиси  ҳайати ҳакамон (дар

                                                    мувофиқа)

3.    Орумбеков Ш.Ш.            - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                                                    ҳамраиси  ҳайати ҳакамон (дар мувофиқа)

4.    Наимов Маҳмадулло       -  мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе,                                                         котиби ҳайати ҳакамон,

 

Аъзои ҳайати ҳакамон:

 

5.    Қурбонова Р.А.                -  муовини Раиси шаҳри Душанбе                                                      

6.      Раҳим Масов                    - директори Институти таърих ва этнографияи

                                                    Академияи илмҳои Тоҷикистон (дар мувофиқа)

7.      Турсунов Акбар                      - директори Институти забон, адабиёт,

                                              шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии

                                             Академияи илмҳои Тоҷикистон (дар мувофиқа)

8.      Қироншоҳ Шарифзода   - Раиси Шўрои Васоити ахбори омма

9.      Қаршибоев Нуриддин    - Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили   Тоҷикистон

10.  Сатторов Акбаралӣ        -  Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

                                                          (дар мувофиқа)

11.  Раҷабов Убайдулло         -  директори кулли Муассисаи давлатии

                                                фарҳангу фароғатии «Пойтахт - 80»

Талбаков Абдуқодир      -  сардори Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  

 

Замимаи №1                             

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                               № 79-7 аз 28 феврали соли 2014

 

Ш А Р Т Ҳ О И

озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» бахшида ба 90-солагии

мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе

 

Озмун аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 1 апрел то 1 июни соли 2014 гузаронида мешавад.

Мавзўи озмун: Пешниҳоди мақолаҳо, асарҳои назмӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва роҳҳои амиқи амалигардонии он дар рўзи ҷашн ва намоишҳои санъати аксбардорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, бо дарназардошти мақоми шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибихтиёр ва маркази сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар,

Инъикоси Душанбе чун маркази сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву  фарҳангии кишвар, шаҳри сулҳ ва меҳвари ваҳдати миллӣ, таҷассумгари тамаддуни муосир, ташаббускори иқдоми созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамоҳангӣ ба мақому манзалати пойтахт ва нуфузу эътибори умумимиллии он такмили маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинии сокинони он баҳри ташаккули ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги гузаштаи ниёгон.

Мақсади озмун: Омода ва пешниҳод намудани асарҳои назмӣ, гузоришҳои радиоиву телевизионӣ ва санъати аксбардорӣ, ҷиҳати дарёфти муҳтавои беҳтарин баргузории тадбирҳои ҷашнӣ, ки ба густариши сулҳу ваҳдат, дўстиву рафоқат мусоидат мекунад ва намоиши дастовардҳои муосири фарҳанги ҷомеаро дар бар мегирад.

Шакли озмун: Озмун вобаста ба мавзуъ ва мухтаво дар шакли кушод дар як давр гузаронида мешавад. Дар озмун ҳар як шаҳрванд, гурўҳҳои эҷодии ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ширкат намоянд.

Ҷоизаҳои озмун:

1.      Барои эҷоди беҳтарин мақолаи публитсистӣ – 3000 (се ҳазор) сомонӣ:

2.      Барои эҷоди  беҳтарин шеър - 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ:

3.      Барои беҳтарин гузориши радиоӣ - 3000 (се ҳазор) сомонӣ:

4.      Барои беҳтарин барномаи телевизионӣ - 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ:

5.      Барои силсилаи аксҳои беҳтарин   - 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ:

6.      Барои  беҳтарин сенарияи намоиши театришуда  - 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ:

Шарт ва муҳлати озмун: Асарҳо ба озмун дар панҷ нусха бояд то 1 июни соли 2014 ба Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд, ки дар рўи лифофа ишораи «Ба озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» зарур аст.

Ҳайати ҳакамон асарҳои пешниҳодшударо то 13 июни соли 2014 муҳокима намуда, тариқи овоздиҳии пўшида ғолибонро муайян менамоянд

Довталабе, ки ба гирифтани овози бештари ҳайати ҳакамон мушарраф мегардад, ғолиб дониста мешавад.