Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 April 2014

Қарори  раиси шаҲри Душанбе   №93 аз 1.04.2014

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти

Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

 

2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

 

3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

 

   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

 

Замима

ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№93 аз 01.04.2014

 

Нақшаи

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

 

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлат

Иҷрокунандагон

Масъули назорат

 

Баргузории ҳашари умумишаҳрӣ

 

5, 12 апрели

соли 2014

аз соати 8:00 то 12:00

 

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ

 

Хайруллоев Н.

Қурбонова Р.А.

Ҳакимов Н.Ҳ.

Назаров Б.М.

 

 

Расми ифтитоҳи иншоотҳои нав ва қабули объектҳои сохтмонашон ба анҷомрасида (мутобиқи рӯйхати алоҳида)

 

 

19 апрели  соли 2014

аз соати 9-00 то 12-00

 

Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, Шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе

 

Хайруллоев Н.

Ҳакимов Н.Ҳ.

 

 

Баргузории сайругашти оммавии шаҳрвандон, маҳфилҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти каннодӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва»

 

 

19 апрели

соли 2014

соати 10:00

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Баргузории Ниммарафони V байналмилалии Душанбе

 

19 апрели

соли 2014

 соати  9:00

Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ

 

Қурбонова Р.А.

 

 

Гузаронидани дарсҳои мавзӯӣ, вохӯриву мулоқотҳо оид ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ

 

 

 

мунтазам

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Ҷамъбасти Ниммарафони V байналмилалии Душанбе ва озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт», «Беҳтарин нозири мантақавии сол», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013», «Соҳибкори беҳтарини пойтахт дар соли 2013» дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

19 апрели  соли 2014

соати 14:00

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Ташкил намудани намоиши доимоамалкунандаи китоб таҳти унвони  «Душанбе – маркази маънавиёт» ва конференсияи илмӣ-адабӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ

 

то 19 апрели соли 2014

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Баргузор намудани барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Боғи Наврӯзгоҳ

 

 

19 апрели

 соли 2014

соати 17:00

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Баргузории Фестивали мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳри Душанбе «Душанбе-шаҳри ҷавонӣ»

 

19 апрели

 соли 2014

соати 10:00

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Ороиши толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва омода намудани гулдастаҳо мутобиқи дархост

 

19 апрели

соли 2014

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе 

 

Ҳакимов Н.Ҳ.

Назаров Б.М.

 

 

Ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодиву хамирӣ, таомҳои миллӣ дар ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои идона

 

19 апрели

соли 2014

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе 

 

 

Назаров Б.М.

 

 

Таъмини асбобҳои пахши садо дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳо

19 апрели соли 2014

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Қурбонова Р.А.

 

 

Ороиши идонаи кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо

 

то 15 апрели соли 2014

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилотҳо

 

Қурбонова Р.А.

 

 

Тавассути воситаҳои ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» тарғибу ташвиқ намудани рафти омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо

 

мунтазам

Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.

 

 

Танзими муназзами барқ, гузаронидани нуқтаҳои барқ, таъмини бехатарии зидди сӯхтор, навбатдории "Ёрии таъҷилӣ", амнияти шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо

 

 

дар рӯзҳои омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо

ҶСШК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр», Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе

 

Хайруллоев Н.

Мансуров Ҷ.М.

Қурбонова Р.А.

 

 

Таъмини фаъолону собиқадорони меҳнати шаҳри Душанбе, собиқ раисони шаҳри Душанбе, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори омма, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини сохторҳои шаҳрӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»

19 апрели

соли 2014

 то соати 13:30

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Қурбонова Р.А.