Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №95 аз 3.04.2014

 

Дар бораи  баргузории   Ниммарафони V

байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта бо шаҳри Душанбе ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №74-1 аз 13 феврали соли 2014 «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони  V байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.                Ҳайати Кумитаи тадорукот, Нақшаи чорабиниҳо, тартиб ва сметаи хароҷоти баргузории Ниммарафони V байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1,2,3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.                Кумитаи тадорукот 19 апрели соли 2014, соати 900 мусобиқаи Ниммарафони V байналмилалии Душанберо мутобиқ ба хати дави муайянгардида доир намояд.

3.                Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) маблағи 202 412 (дусаду ду ҳазору чорсаду дувоздаҳ) сомонӣ  аз ҷумла, маблағи 144 212 (як саду чилу чор ҳазору дусаду дувоздаҳ) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд ва маблағи 58 200 (панҷову ҳашт ҳазору дусад) сомонӣ аз ҳисоби харҷномаи чорабиниҳои варзишии шаҳри Душанбе барои  соли 2014 пешбинишуда ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони V байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида ҷудо намояд.

5.                Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Талбаков А.) барои таъмини асбобҳои пахши садо дар ҷои баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.

6.                Бо инобати мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар  рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофахои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати  корҳои хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати тартиби дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда аз  кишварҳои бо Тоҷикистон муносибати раводидидошта, мусоидат намояд.

7.                Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ  андешанд.

8.           Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

9.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова  Р.А. ва Назаров Б.М. гузошта шавад.


       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 


Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Ниммарафони V  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

Нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри баргузории Ниммарафони V  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

Тартиби баргузории Ниммарафони  V байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт