Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 272-2 аз 27 апрели соли 2010 «Дар бораи баргузории тендер» оиди хариди маводҳои доруворӣва хӯрокворӣбарои Беморхонаи клиникии шаҳрии №1  ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ,  фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои  ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» рӯзи 8 июни соли 2010 ба

 

озмун даъват менамояд

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои хариду фурӯш;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ(кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи Нозироти андоз (нусхаи асл);

- гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ(нусхаи асл);

- маълумотнома оид ба  таъминоти муассисаҳои тиббӣ- тандурустӣбо маводҳои доруворӣва хӯрокворӣдар 2-3 соли охир;

- номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмунро метавонед аз нишонии зерин гиред:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Фучик - 14 , Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 , Телефонҳо: 260-78-40, 260-76-74, 918-68-63-56.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам мӯҳрзада 7 июни соли 2010 то соати 1700 ба Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 («Фармоишгар») супорида шаванд.

Озмун рӯзи 8 июни  соли 2010 соати 1000 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.