Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2014

7 апрели соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

         Дар ҷаласа Раиси шаҳр қабл аз ҳама натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷроиши буҷети шаҳр, дурнамои барномаҳои марбута, аз байн бурдани қарздории музди меҳнат дар субъектҳои хоҷагидории ғайрибуҷавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, сохтмон, таъмиру азнавсозии роҳҳо, хизматрасониҳои коммуналию нақлиёт ба аҳолӣ ба риштаи таҳлили амиқ кашида, ҷиҳати вусъати тадбирҳо нисбати баланд бардоштани  ҳаҷм ва сифати маҳсулоти саноатии рақобатпазир, амнияти истеъмолии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ болобарии сатҳи зиндагии сокинони шаҳр ба масъулин дастуру супоришоти мушаххасро бо назардошти таъминоти  назорати ҷамъиятии иҷроиши  онҳо ироа намуд.  

Қайд бояд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 нишондодҳои нақшавӣ: ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 122,3 фоиз, азхудкунии сармоягузорӣ аз тамоми манбаъҳо 1,7 баробар зиёд, ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ 101,3 фоиз, ҳаҷми хизматрасониҳои маишӣ 111,8 фоиз иҷро гардида, музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати як корманд 1277,56 сомониро ташкил ва иҷроиши нақшаи контингенти умумии даромадҳо ба буҷет 106,5 фоиз ва буҷети шаҳри Душанбе 109,1 фоизро ташкил дода, иҷроиши нақшаи қисми даромади суғуртаи иҷтимоӣ 104,3 фоиз  таъмин гардид.

Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев бобати иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва коллективҳои фарҳангию эҷодӣ дар баргузории чорабинии театришудаи «Наврӯзи пойтахт-90» изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки  барои аз рӯи таъиноти Наврӯзгоҳ дар ояндаи наздик ба истифода додани масоҳати боқимондаи қитъаи замини он шаҳрдорӣ то охири соли равон чораҳои мушаххасро оиди  лоиҳаи ободонии тамоми масоҳати ҷойдоштаи дохили Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо инобати сабзу хуррамгардонӣ, пешбинӣ намудани иншоотҳои муосири ҷавобгӯ барои  таври доимӣ баргузор намудани чорабиниву намоишҳои наврӯзию фарҳангӣ аз ҷониби ноҳияҳои шаҳр тӯли тамоми сол дар ин мавзеъ, таҳия ва амалӣ менамояд.

Инчунин дар ҷаласа, бо инобати иштироки фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ  бо даъват аз ҳар кадоми онҳо оид ба ширкати ташаббускорона дар амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ дар омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, муътақидан итминон баст, ки дастовардҳои меҳнатию озодагӣ ва ободии ҳар як хонадон ва маҳаллаву шаҳрак ва ба истифодадиҳии иншооти гуногунтаъинот ба маблағи беш аз 1 млрд сомонӣ танҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр армуғони бесобиқа хоҳад буд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр масъалаи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи Рӯзи пойтахт ва татбиқи Қарорҳои марбутаи шаҳрдорӣ дар ин хусус ва тарҳрезии тадбирҳои мутақобила нисбати баргузории Рӯзи Ваҳдат баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи ҳар кадоме аз иштирокдорони ҷаласа ба саҳм гузоштан дар ин чорабиниҳо ва таъмини суботу ҳамзистии осоиштаи  таркиби иҷтимоии ҷомеаи пойтахт ва гузашта аз ин баҳри пешрафту таҳкими амнияти фарогир ва пешгирӣ аз роҳёбии тамоюлҳои номатлубу бегона ба арзишҳои миллӣ  ба истеҳкомбахшии ҳамкорию робитаи қавӣ ва ногусастанӣ бо мақомоти  ҳизфи ҳуқуқ нигаронида шуд.