Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе №105 аз 8.04.2014

 

Дар бораи баргузории чорабинии фарҳангӣ

 бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик дар шаҳри Душанбе

 Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориёно- Медиа»-ро таҳти №40-243 аз 31 марти соли 2014 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 Қарор мекунам:

1.      Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориёно - Медиа» барои гузаронидани чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе 10 апрели соли 2014 аз соати 18:00 то 20:00 дар майдони «800 - солагии Москва» иҷозат дода шавад.

2.      Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Шуъбаи фарҳанги Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориёно - Медиа» барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

3.      Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории чорабинӣ  тадбирҳои лозимӣ андешанд.

4.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

                                                                    М.Убайдуллоев