Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе №106 аз 8 апрели соли 2014

                

           Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

           ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

           Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ

         1.Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 24 апрели  соли 2014,  соати  8:00, дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

         2.Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

    2.1.Дар бораи гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3.

   2.2. Оид ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои  марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015».

2.3.Ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ дар бораи рафти иҷроиши Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 «Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ-экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт».

2.4.Ҳисоботи комиссияҳои муваққатӣ доир ба натиҷаҳои санҷиш ва назорати ҳолати омодагии ноҳияҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.5.Ҳисоботи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорию азнавномгузории кӯча, гулгашт, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар бораи рафти иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунӣ.

2.6.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №7 Мардонова С.Ш. оид ба иҷрои ваколатҳои худ.

2.7.Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №8.

2.8.Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №12.

    2.9.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

        3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи  ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.     

                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ