Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 April 2014

Даъват ба озмун

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе 

 

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №77-12 аз 20 уми феврали соли 2014 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оид ба хариди 15 (понздаҳ) адад автомашинаи сабукрави назоратӣ (патрулӣ), ки бо ранги махсус ва навиштаҷоти иттилоотӣ, инчунин дастгоҳи  таҳвилоти радиоӣ (барои алоқа бо танзимгар ва дигар мошинаҳо), дастгоҳи наворгирӣ барои сабти ҳодисаҳои ба вуқуъомада муҷаҳазгардонидашуда ва ба муҳлати кафолати хизматрасонӣ на камтар аз 2 сол барои таъмини самаранокии амалисозии уҳдадориҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шуморо ба сифати «Иштирокчӣ»

 

ба озмун даъват менамояд.

  Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

1. Оинномаи корхона;

2. Пешниҳоди тендерӣ;

 3. Кафолати бонкӣ барои иҷрои  шартҳои дархостӣ тендерӣ

     дар ҳаҷми 1% аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

 4. Гувоҳномаи нозироти андоз оиди қарздорӣ дар назди буҷет;

 5. Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 3 соли охир;

 6. Маълумотнома оид ба баҳсҳои судӣ;

 7. Муҳлати молрасонӣ;

 8. Кафолатӣ хизматрасонӣ;

 9. Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии  +992(372) 221-27-66;  221-64-31 дастрас намоянд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 1700-и 20-уми апрели соли 2014 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 21 апрели соли 2014 соати 1500 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.