Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӢ дар шаҳри Душанбе

 тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №94 аз 1 апрели соли 2014

Дар бораи баргузории озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ»

шахсони ҳуқуқию воқеии ватаниро, ки дар сохтани сомонаҳои инноватсионӣ ва татбиқи он барои хизматрасонӣ ба сокинони шаҳр муваффақ шудаанд ва лоиҳаи сомонаи инноватсиониро баҳри ҳалли  масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ нигаронидаанд, ё худ пешниҳод менамоянд,

барои иштирок дар

озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӢ»

даъват менамояд

Лоиҳаи сомона  ё сомонаи фаъоли пешниҳодшаванда бо дарҷи нишонии роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 10-уми апрел то 1 октябри соли 2014 ба суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 ё суроғаи электронии dushanbe80@yahoo.com ирсол карда шаванд.

***Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии: dushanbe80@yahoo.com, asomiddin@gmail.com, ibodulloev@gmail.com, vecherkatj@gmail.com ва saidov_shavkat@bk.ru  ё рақамҳои телефонии:  918 87 38 46, 918 6 105 35,  918 71 91 09 дастрас намоянд.

 

Мукофотҳо

Ғолибони ҷоизаи Гран-при, ҷоизаи сомонаи инноватсионии «Сазовори таваҷҷуҳи иштирокчиён»  ва ҳар як номинатсия бо мукофотҳои пулӣ сарфароз карда шуда, инчунин бо ғолиби ҷоизаи Гран-при  барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи пешниҳодгардида дар фаъолияти сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, ҳамкорӣ карда мешавад:

 

-Ғолиби ҷоизаи Гран-при (Шоҳҷоиза) «Беҳтарин сомонаи нноватсионии навраста (стартап)»:  10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

-Ғолиби номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ”:   5000 ( панҷ ҳазор)  сомонӣ;

-Ғолиби номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии  иҷтимоӣ”: 5000 (панҷ ҳазор)  сомонӣ;

-Ғолиби номинатсияи        Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ-хусусӣ(аутсорсинг)”: 5000 ( панҷ ҳазор)  сомонӣ;

-Ғолиби номинатсияи        Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ”:   5000 ( панҷ ҳазор)  сомонӣ;

-Ғолиби ҷоизаи сомонаи инноватсионии «Сазовори таваҷҷӯҳи иштирокчиён»:  2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ.

 

Шартҳои озмунИ «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӢ»