Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 272-3 аз 27 апрели соли 2010 «Дар бораи баргузории тендер» оиди иҷрои корҳои омодасозӣва ороиши шабонаи кӯчаи Айнӣ бо васлкунии кронштейнҳои рӯшноидиҳандаи шохадор бо рамзи Парчами ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ширкатҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» рӯзи 8 июни соли 2010 ба

озмун даъват менамояд

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои васлкунӣ;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ(кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи Нозироти андоз (нусхаи асл);

- гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ(нусхаи асл);

- маълумотҳои иловагӣоиди дараҷаи тахассусии кормандон;

- маълумотҳо оид ба хаҷми корҳои иҷрошудаи васлкунӣдар 2-3 соли охир;

- маълумотнома оид ба мавҷуд будани техникаҳои васлкунӣдар тавозуни корхона;

- номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

- ӯҳдадорӣоиди ба итмом расонидани корҳои  васлкунӣ;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмунро метавонед аз нишонаи зерин гиред:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ18, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣва ороиши шаҳри Душанбе». Телефонҳо: 221-21-02, 600-63-02.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам мӯҳрзада 7 июни соли 2010 то соати 1700 ба Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣва ороиши шаҳри Душанбе» (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рӯзи 8 июни соли 2010 соати 1100 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.