Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №136 аз 15.04.2014      

 

   Дар бораи ҷамъбасти озмуни ба иҷора супоридани

   иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади танзими раванди ба иҷора супоридани амвол ва иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки воситаҳои асосии моликияти коммуналӣ ва зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети шаҳрӣ,   мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 624, 634 ва 671 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 4, 5 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  №537 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.        Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмунӣ «Оид ба иҷора супоридани амвол ва объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе» №1 аз 13 феврали  соли 2014 дар бораи ғолиби озмун эътироф намудани иҷорагирони зерин тасдиқ карда шавад:

 

Рӯйхати иҷорагирон

 

     2.  Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баъд аз қабули Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати  ҳарчи тезтар ворид гардидани  маблағ ба буҷети шаҳрӣ бо иҷорагирони зикргардида шартномаи иҷораро ба имзо расонад.

     3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

     4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ