Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

Қарори РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ  №135  аз 15.04.2014

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори

беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2013»

 

       Баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ  бо мақсади рушди минбаъдаи он  ва  муҳайё  намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ  дар пойтахт ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010  «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013» аз 11 апрели соли 2013 ва дар ҳар як номинатсия ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

    I. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз Одилович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»; 

   II.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Проект Инвест»  Ишанов Дониёр Бахтиёрович - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

   III.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Газпромнефть – Таджикистан» Мирзоев Фарҳод Султонбекович - номинатсияи «Савдо»; 

   IV.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Точик - интурсервис» Қобилов Зафар Наримонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;     

   V.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Жасмин» Раҷабова Назира Ибрагимовна- номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;    

   VI.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ИИ Насоҷии Тоҷик» Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

   VII.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун Маҷидович - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

   VIII.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз Саидович  - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»;   

   IX.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Саманд 2010»   Фаткулаев Қосим Махмедович- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

    Х.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рухом» Муҳабатов Муфарах Муминҷонович - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

    XI.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомон -таъминот» Хидиров Саидраҳмон Шарифович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

   XII.Ҷамъияти саҳомии «Роҳат» Мансуров Саид - номинатсияи «Хӯроки умум»;

   XIII. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» Шишковский Андрей Юрьевич - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

   XIV.Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» Шарипов Сафаралӣ - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

   XV.КИТВД «Шарқи озод» Исмоилов Ёқуб Боронович - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

   XVI.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Собирова З.Г.» Собирова Зебунисо Гадойбоевна- номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

   XVII.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Грант Торнтон эхсо» Муллоев Баҳрулло Сулаймонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

   XVIII.Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оҷонсии хабарии Азия плюс» Тоҷибоева Зебонисо Амирҷоновна - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» тасдиқ карда шавад.

      2.  «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013» ғолиби номинатсияи «Савдо» ҶДММ «Газпромнефт Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) - дониста шавад.

      3.  Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013»  ҶДММ «Газпромнефть–Таджикистан» - Мирзоев Фарҳод Султонбекович бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон – иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  сарфароз  гардонида  шаванд.    

      4.Муқаррар карда шавад, ки:

- супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили  Рӯзи пойтахт сурат мегирад;

- пардохти хароҷоти ташкилу баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун, инчунин таъсиси мукофотҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешавад.

        5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

        6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                   М.УБАЙДУЛЛОЕВ