Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

17  апрели соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  директори Ширкати фаронсавии «Itron France» оид ба фурӯш дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Арвупои Марказӣ, баҳри миёназамин ва Скандинавия ҷаноби Карим Бенниниро бо хоҳиши ӯ ба ҳазур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сифати корҳои анҷомдодаи ширкати мазкур дар доираи татбиқи Қарордоди DWSP2-01 Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе оид ба таҳвили 76 500 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ба КВД «Обу корези Душанбе», изҳори қаноатмандӣ карда, зикр сохт ки барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона, дар интиҳо баланд бардоштани сатҳ ва сифати пешниҳоди хизматрасонӣ ба сокинон шаҳрдорӣ омодааст ҳамкориҳои мутақобилан судамандро бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ  вусъат бахшад.

Бо ин мақсад дар доираи мулоқот бо истифода аз зарфиятҳои ширкати мазкур, ки дар бозори ҷаҳонии истеҳсоли ҳисобкунакҳои обӣ мавқеи хоса дорад, масоили ташкили корхона  ё худ сехи муштараки насб ва таъмири ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳри Душанбе мавриди  баррасӣ қарор гирифт, ки дар иртибот ба амалисозии он ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки гуруҳи кории муштарак ҷузиёт ва асосҳои техникии масъаларо амиқан таҳлил намуда, унвонии шаҳрдорӣ манзур созанд.

Гузашта аз ин баҳри  густариши ҳамкориҳо ва иштироки Ширкати фаронсавии «Itron France» дар лоиҳаҳои гуногунсоҳаи шаҳрдорӣ, тавсия гардид, ки тариқи тендерҳои кушоди байналмилалии эълондоштаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе истифода карда шавад.

Ҷаноби Карим Беннинӣ аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати тахассусию ошкорои ба нафъи пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми шаҳрдорӣ равона гардида изҳори сипос карда, дар навбати худ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳодоти ироадоштаи Раиси шаҳр  зикр сохт, ки тамоми зарфият ва таҷрибаи мавҷудаашро баҳри тавсеаи робитаҳои минбаъда равона карда хоҳад намуд.