Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 140 аз 16  апрели соли  2014

 

Дар бораи ҷамъбасти озмунҳои

шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт»

 

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаҳои  4 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Консепсияи озмуни «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №169 аз 9 апрели соли 2009 тасдиқ гардидааст ва бо дарназардошти Протоколи маҷлиси ҳайати ҳакамон ҷиҳати ҷамъбасти озмунҳои шаҳрӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт» аз 14 апрели соли 2014 

 

Қарор мекунам:

1.  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Мирзо Турсунзода»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳисобида шуда, бо диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардонида,  дар ҳудуди он сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 150 (як саду панҷоҳ) ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе  анҷом дода шавад.

 

2.  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б.А.), Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мирзоев С.), Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷои мувофиқро барои сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» интихоб намуда, дар муддати як моҳ лоиҳаи  Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони маркази мазкур омода ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

3.  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Анваров С.С.) дар муддати ду моҳ ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони иншооти мазкурро бо дарназардошти хулосаи экспертизаи давлатӣ таҳия ва ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои муайян намудани манбаи маблағгузорӣ манзур созад.

4.  Ғолиби озмуни «Беҳтарин намоиши наврӯзии ноҳияҳои пойтахт» - ноҳияи Сино дониста шуда, бо мукофотпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад.

5.  Ғолиби озмуни «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» -маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсӣ - дониста шуда, бо мукофотпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад.

6.   «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - «Кооперативи соҳибмулкони манзили №8»-и ноҳияи Шоҳмансур  бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шавад.

7.  «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-347, ноҳияи Шоҳмансур, бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ қадр карда шавад.

8.  «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Халилова Саида Амоновна корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» қадрдонӣ карда шавад.

9.  «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ мукофотонида шавад.

10.           Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи харҷномаи замимагардида ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои дастрас намудани 3 маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ, телевизор, роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм», қадрдонӣ намудани ғолибони озмуни ««Беҳтарин намоиши наврӯзии ноҳияҳои пойтахт» ва «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» 28855 (бисту ҳашт ҳазору ҳаштсаду панҷоҳу панҷ) сомонӣ ҷудо намояд. (замима)

11.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

12.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад.

 

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ