Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №126  аз 15.04.2014

 

        Дар бораи натиҷаи озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол - 2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол -2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013», «Волидайни беҳтарини сол-2013»

 

  Бо  мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №175-17 аз 19 декабри  соли   2013   дар  бораи  «Ҳисоботи Раиси  шаҳри  Душанбе М. Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №136 аз 12  октябри соли 2000  «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти  муассисаҳои  таълимӣ  дар  шаҳри  Душанбе», № 224    аз 19 майи  соли  2006 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии  моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт», №743 аз 4-уми декабри соли 2012 «Дар бораи  баргузории озмуни шаҳрии Волидайни беҳтарини сол-2013» , бо дарназардошти қарори  Кумитаи  тадорукоти  озмунҳои  касбӣ  аз  6 апрели соли 2014, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукоти озмунҳои шаҳрии  «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013» ва «Волидайни беҳтарини сол-2013» №1 аз 7 апрели соли 2014 маъқул дониста шуда:

 а) ба ғолиби озмуни «Мактаби сол-2013» - коллективи меҳнатии  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 49  ноҳияи Фирдавсӣ  Раёсати ҳисоби хоҷагӣ, баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе  тибқи талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда як хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда, барасмиятдарории онро таъмин намояд;

б) ғолиби озмуни «Директори сол-2013» - директори гимназияи № 2 барои хонандагони  болаёқати  шаҳри Душанбе  Абдулов Зиёдулло  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000  (се ҳазор)  сомонӣ  сарфароз гардонда шавад;

    в) ғолиби озмуни «Муаллими сол-2013» - муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №15 ноҳияи Шоҳмансур Ғафорова  Саида бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   г)  ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол -2013»-  кӯдакистони № 154 ноҳияи Сино  (мудираш Комилова Гавҳарбӣ)  дар  ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадр карда шавад;

   ғ) ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол-2013» - мудири кӯдакистони № 67 ноҳияи Шоҳмансур Воҳидова Бибираҷаб  бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонда шавад;

  д)  ғолиби озмуни «Мураббии сол-2013» - мураббии кӯдакистони №41 ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Қурбонова Мавлуда  дар ҳаҷми  1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шавад;

  е)  ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол-2013» -  коллективи синфи 9«в» гимназияи  № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф  Муҳаммадиев Сайдалӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор)  сомонӣ ,  сардори синф  Зуҳурбеки Зуҳур  500 (панҷсад)  сомонӣ ,  27 (бисту ҳафт) нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 (чорсад)  сомонӣ   сарфароз  гардонда шаванд:

ё) ғолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2013» Садуллоев Абдусатор,  аз литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе   дар ҳаҷми 5000 (панҷ  ҳазор)  сомонӣ мукофотонида шавад:

2. Кӯдакистони № 134 ноҳияи Фирдавсӣ (мудираш  Фозилова Сайёра) барои ишғоли ҷойи 2-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2013» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ қадр карда шавад.

3. Кӯдакистони №64  ноҳияи Шоҳмансур  (мудираш Урунова Мавҷуда)  барои ишғоли ҷойи 3-юм дар озмуни «Кӯдакистони сол - 2013» бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ  қадр карда шавад.

4. Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, иштироки фаъолона дар озмунҳои «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони  сол – 2013»,  «Мудири кӯдакистони сол–2013»,  «Мураббии  сол–2013» шахсони зерин ҳар кадом ба мабалағӣ 700  (ҳафтсад) сомонӣ қадр карда шаванд:

·                       Розиқов Ҷалол – директори Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 60 ноҳияи  Сино

·                       Сироҷова Матлуба – директори  Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Шоҳмансур

·                       Одилбекова  Лола  - директори Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино

·                       Ҳакимова Анзурат - мудири кӯдакистони №140 ноҳияи Сино

·                       Саъдуллоева Соро – мудири кӯдакистони № 127 ноҳияи    Фирдавсӣ  

·                       Чабборова Нигина – муаллимаи фанни таърихи мактаби №52 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

·                       Маҳмудова Муаттар – муаллимаи фанни математикаи гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ

·                       Қобилова Раъно – муаллимаи  фанни забон ва адабиёти руси мактаби № 89  ноҳияи Сино

·                        Мамадҷонова Лочиной – муаллимаи фанни биологияи литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

·                        Мустакова Гулдаста – мураббияи кӯдакистони №  112 ноҳияи  Сино

·                       Холова Саодат -  мураббияи кӯдакистони № 79 ноҳияи  Шоҳмансур

·                        Бадалова Ҳусния  – мураббияи кӯдакистони № 72 ноҳияи Фирдавсӣ.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети шаҳр пешбинишуда   39700 (сиву нуҳ  ҳазору  ҳафтсад)  сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида  ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардондани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

6. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои дар сметаи хароҷотӣ ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намуда, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорону мураббиён, роҳбарони бомаҳорату беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳрро дар байни  ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тарғибу ташвиқ намояд.

7.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои   Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р. А.   гузошта шавад.   

М. УБАЙДУЛЛОЕВ