Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 141 аз 17 апрели соли 2014

 

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе»  

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш дар шаҳри Душанбе,  иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аз № 142-1 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                   Бо назардошти суратмаҷлиси замимагардидаи №1 аз 10 апрели соли 2014 Кумитаи тадорукоти озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии  варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ғолибони озмуни:

        а) «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе» Мактаби варзиши махсуси кӯдакону  наврасони захираҳои олимпии №9  оид ба бокс;

б) «Беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олипии №6 оид ба намудҳои гӯштин;

в) «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» Негматуллоев Аббос-мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олипии №9 оид ба бокс дониста шаванд ва мутақобилан ба маблағҳои 3500 (се ҳазору панҷсад), 2500 (ду ҳазору панчсад) ва 3000 (се ҳазор) сомонӣ қадрдонӣ карда шаванд ва бо ин мақсад Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи харҷномаи замимагардида аз ҳисоби маблағҳои озоди шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 9 000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо  намояд.

2. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. ва Назаров Б.М. гузошта шавад. 

                                                                                       

М.УБАЙДУЛЛОЕВ