Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2010

Сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе - «www.dushanbe.tj»  аз 17 апрели соли 2010 ба ифтихори Рӯзи пойтахт баъд аз таҷдид дубора бо тарҳи нав барои хизматрасонии муштариён фаъол карда шуд, ки дар он маълумоти зарурӣ ҳамчун  ҷавобгӯи талаботи «ҳукумати электронӣ» мушаххас ҷойгузин шудааст.

Бахши иртибот бо Раиси шаҳр бошад, дар қисмати  сомонагии «Раиси шаҳр» чой дода шудааст ва муштарии дилхоҳ унвонии Раиси шаҳри Душанбе имконият дорад, тавассути почтаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» муроҷиат ё дархости худро ирсол дорад.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз бо ибтикори шаҳрдорӣ бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати робитаи бевосита бо шаҳрвандон  ва таъмини имкониятҳо  дар ифодаи ирода  ва мавқею  саҳмгузории онҳо дар идоракунии давлатӣ почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе «dushanbe80@yahoo.com» дар шабакаи  Интернет 13 октябри соли 2005 фаъол карда шуд.

Тавассути почтаи мазкур дар таносуби солҳо : 2005- 65, 2006- 477, 2007-155, 2008 - 402, 2009- 499  ва ба ҳолати 17 майи соли 2010 - 331 муроҷиат ворид шудааст, ки дар маҷмӯъ 1929 ададро ташкил медиҳад, ки ҳар кадоми онҳоро Раиси шаҳри Душанбе шахсан баррасӣ намуда, зери назорат қарор додааст. Гузашта аз  ин ҳеҷ кадоме аз муроҷиат бе баррасӣнамонда, аз натиҷааш ҳар кадоме бархурдор гардидаанд.