Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2014

Ин сана барои сокинони шаҳри Душанбе дар радифи дигар ҷашну санаҳои тақдирсозии миллат хело арзишманд аст.

Ҳамасола тибқи анъаноти шаҳрдорӣ Рӯзи пойтахт бо ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол гардида, дар ин рӯз дар радифи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ маъмулан як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ин навбат қабл аз шуруи тантанаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат бо иштироки роҳбарият ва дигар масъулини шаҳрдорӣ ба маблағи беш аз 100 млн сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла ба масоҳати 17,5 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 8,6 ҳазор м2 майдончаҳои варзишӣ, 7,6  ҳазор м2 марказҳои савдо ва корхонаи истеҳсоли хишт  бо иқтидори 5 млн дона дар як сол  ба истифода дода шуданд.

Субҳи 19 апрели соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар фазои идона, соати 9-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон - иштирокчиёни панҷумин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  таври анъанавӣ ҳамасола аз ҷониби шаҳрдорӣ дар Рӯзи пойтахт амалӣ мегардад, кулли меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

Аз ҷумла зикр намуд, ки сол то сол сатҳ ва мақоми Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки имсол ба истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳрамон доир мегардад, боло рафта, теъдоди кишварҳо ва варзишгарони иштирокчии он зиёд ва нуфузи ин навъи варзиш дар шаҳр ва ҷумҳуриямон миёни ҳаводорон афзун мегардад. Ва Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли ҷорӣ дар низоми баргузории чорабиниҳои варзишии кишвар нахустин шуда дар тақвими Ассосиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  бобати ҳамасола дар шанбеи сеюми моҳи апрел  доир гардидан ворид гашта, ба хатсайри он Сертификати мутобиқат дода шуд.

Дар ин росто Маҳмадсаид Убайдуллоев миннатдории хешро ба Раиси Ассосиатсияи мазкур ҷаноби Пако Борао иброз дошта, умед баст, ки сабқаткунандагони Ниммарафони байналмилалӣ дар иҷрои рисолати сулҳпаёмии варзиш, таҳкими дӯстию рафоқат миёни наслҳову кишварҳо алайҳи ҳамагуна тамоюлҳои номатлуби ҷаҳонӣ ва таблиғи пешбурди тарзи ҳаёти солим нақши босазо мегузоранд.

Сипас, тибқи нақша соати 11-00 дар толори муҳташами Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолону собиқадорони меҳнат, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию доираи васеи институтҳои шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид.

 Дар ин ҳамоиши тантанавӣ дар ҳузури фаъолони пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони панҷумин Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал – Романенко Роман  варзишгар аз шаҳри  Киеви Ҷумҳурии Украина ва Хамидова Ситора  варзишгар аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон   ба ҳар кадоме 3500,  ҷойҳои дуюм- Петров Андрей  варзишгар аз Ҷумҳурии ӯзбекистон    ва Чиженко Юлия    варзигар аз Федератсияи Россия ба ҳар кадоме 3000, ҷойҳои сеюм- Чечун Юрий   варзишгар аз Федератсияи Россия ва Фатеева Екатерина    варзишгар аз Федератсияи Россия ба ҳар кадоме 2500, ҷойҳои чорум- Бризгалов Андрей  варзишгар аз Федератсияи Россия ва Хмелевская Марина  варзишгар аз Ҷумҳурии ӯзбекистон   ба ҳар кадоме  2000, ҷойҳои панҷум- Киберес Кембер Квимой варзишгар аз Кения  ва Соловьева Наталья  варзишгар аз Федератсияи Россия ба ҳар кадоме 1800 ва ҷойҳои шашум – Маина Самуел Вайтака   варзишгар аз Кения ва Коробицкая Марина  варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳар кадоме 1500 доллари ИМА дар расми тантанавӣ тақдим намуд.

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе чунин муайян ва аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ қадргардонӣ шуданд:

    - «Мактаби сол-2013» - коллективи педагогии  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 49  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Мукофот: квартираи сеҳуҷрагии №53, бо масоҳати умумии 85,87 метри квадратӣ воқеъ дар кӯчаи Федин 11/10 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

- «Директори сол-2013» - директори гимназияи № 2 барои хонандагони  болаёқати  шаҳри Душанбе  Абдулов Зиёдулло. Мукофот:  3000  (се ҳазор)  сомонӣ  ;

- «Муаллими сол-2013» - муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №15 ноҳияи Шоҳмансур Ғафорова  Саида. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

-   «Синфи  беҳтарини  сол-2013» -  коллективи синфи 9«в» гимназияи  № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе. Мукофот:  Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  ба роҳбари ҳамин синф  Муҳаммадиев Сайдалӣ 1000 (ҳазор)  сомонӣ,  сардори синф  Зуҳурбеки Зуҳур  500 (панҷсад)  сомонӣ ва 27 нафар хонандагони синф ба ҳар кадоме  400 (чорсад) сомонӣ;

- «Волидайни беҳтарини сол-2013» Садуллоев Абдусатор, сокини шахри Душанбе, кучаи Маяковский 79, хучраи 21, сохибкор. Мукофот: 5000 (панҷ  ҳазор)  сомонӣ;

- «Кӯдакистони сол -2013»-  кӯдакистони № 154 ноҳияи Сино  (мудираш Комилова Гавҳарбӣ). Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ;

- «Мудири кӯдакистони сол-2013» - мудири кӯдакистони № 67 ноҳияи Шоҳмансур Воҳидова Бибираҷаб. Мукофот: 2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- «Мураббии сол-2013» - мураббии кӯдакистони №41 ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Қурбонова Мавлуда. Мукофот: 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ.

Коллективи меҳнатии кӯдакистони № 134-и  ноҳияи Фирдавсӣ барои ишғоли  ҷойи дуюм дар озмуни “Кӯдакистони сол-2013”ба маблағи 1500 сомонӣ, коллективи меҳнатии  кӯдакистони №64-и ноҳияи  Шоҳамнсур барои ишғоли  ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2013»  ба маблағи 1000  сомонӣ қадр карда шуданд. 

Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт,  иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013» «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013» ва «Мураббии сол-2013»  Розиқов Ҷалол – директори Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 60 ноҳияи  Сино,     Сироҷова Матлуба – директори  Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Шоҳмансур,     Одилбекова  Лола  - директори Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино,    Ҳакимова Анзурат - мудири кӯдакистони №140 ноҳияи Сино, Саъдуллоева Соро – мудири кӯдакистони № 127 ноҳияи    Фирдавсӣ,  Ҷабборова Нигина – муаллимаи фанни таърихи мактаби №52 ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Маҳмудова Муаттар – муаллимаи фанни математикаи гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ, Қобилова Раъно – муаллимаи  фанни забон ва адабиёти руси мактаби № 89  ноҳияи Сино, Мамадҷонова Лочиной – муаллимаи фанни биологияи литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе,    Мустакова Гулдаста – мураббияи кӯдакистони №  112 ноҳияи  Сино,     Холова Саодат -  мураббияи кӯдакистони № 79 ноҳияи  Шоҳмансур,        Бадалова Ҳусния  – мураббияи кӯдакистони № 72 ноҳияи Фирдавсӣ ҳар кадом ба маблағи 700 сомонӣ мукофотонида шуданд.

         6 нафар хатмкунандагон - барандагони медалҳои нуқра мутаносибан ҳар кадоме ба маблағи  500 сомонӣ қадргардонӣ гаштанд.

Ҳамзамон ба «Беморхонаи сол  - 2013» - коллективи кормандони Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат. Мукофот: 3000 (се ҳазор) сомонӣ ;

- «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2013» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №6.  Мукофот: 2 500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Табиби сол - 2013» - мудири Маркази солимии репродуктивии Маркази саломатии шаҳрии №11 Раҷабова Сурайё Амоновна.  Мукофот:   2000 (ду ҳазор) сомонӣ;

- «Табиби оилавии сол - 2013» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №6 Муҳамедова Лола Шавкатовна. Мукофот:  1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Корманди миёнаи тиббии сол – 2013» ҳамшираи калони шуъбаи тибби оилавии  Маркази саломатии шаҳрии № 10 Мӯсоева Махфират Шоҳовна. Мукофот: 1000 (як ҳазор) сомонӣ;

-  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» - маҳаллаи «Мирзо Турсунзода»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Мукофот: диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе ва  дар ҳудуди маҳалла сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 150 (яксаду панҷоҳ) ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2013»- Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меҳмонхонаи Тоҷикистон». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин тарабхонаи пойтахт дар соли 2013» - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шом-7». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дидор-2013». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- «Беҳтарин намоиши наврӯзии ноҳияҳои пойтахт» - ноҳияи Сино.  Мукофот: 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

-  «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» -маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ;

- «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - «Кооперативи соҳибмулкони манзили №8»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот:  диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- «Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-347  ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Халилова Саида Амоновна корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм»;

- «Беҳтарин Муассисаи фарҳангии пойтахт» - Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. Мукофот: диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ;

- бори нахуст баҳри таҳкиму ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва робита бо шаҳрвандон ғолиби ҷои якум дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Калонов Муродмат Мадгадоевич.  Мукофот: 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои дуюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе Маҳмудов Ҳокималӣ Рамазонович. Мукофот: 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе;

- ҷои сеюм дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Акобиров Саидмуҳаммад Саидхонович.  Мукофот: 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти ««Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе.

- «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе»  Мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 оид ба бокс. Мукофот: 3500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» толори варзиши Мактаби варзиши махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин. Мукофот:   2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;  

- «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 оид ба бокс  Негматуллоев Аббос. Мукофот:   3000 (се ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд.  

            Инчунин баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва таблиғи оммавияти пешбурди тарзи ҳаёти солим бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе 31 нафар ғолибони озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2013» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал - 1000 сомонӣ, ҷои дуюм -  900 сомонӣ, ҷои сеюм  800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2  аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал - 700  сомонӣ, ҷои дуюм  - 600 сомонӣ ва ҷои сеюм  - 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Хамзамон ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013» аз рўи 17  номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ - нишони фахрии озмун қадр карда шуданд:

 -Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз Одилович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»; 

  -Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Проект Инвест»  Ишанов Дониёр Бахтиёрович - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Газпромнефть – Таджикистан» Мирзоев Фарҳод Султонбекович - номинатсияи «Савдо»; 

  - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Точик - интурсервис» Қобилов Зафар Наримонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;     

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Жасмин» Раҷабова Назира Ибрагимовна- номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;    

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ИИ Насоҷии Тоҷик» Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун Маҷидович - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз Саидович  - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»;   

 - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Саманд 2010»   Фаткулаев Қосим Махмедович- номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

  - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рухом» Муҳабатов Муфарах Муминҷонович - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомон -таъминот» Хидиров Саидраҳмон Шарифович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

  - Ҷамъияти саҳомии «Роҳат» Мансуров Саид - номинатсияи «Хӯроки умум»;

   - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» Шишковский Андрей Юрьевич - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

   - Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Континент-Инвест» Шарипов Сафаралӣ - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

  - КИТВД «Шарқи озод» Исмоилов Ёқуб Боронович - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Собирова З.Г.» Собирова Зебунисо Гадойбоевна- номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Грант Торнтон эхсо» Муллоев Баҳрулло Сулаймонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

   - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Оҷонсии хабарии Азия плюс» Тоҷибоева Зебонисо Амирҷоновна - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ».

            «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013» ғолиби номинатсияи «Савдо» ҶДММ «Газпромнефт Таджикистан» (Мирзоев Фарҳод Султонбекович) бошад бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, сарфароз  гардонида  шуд.

 

            Дар ин ҳамоиши ифтихорӣ, ҳамзамон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 261 нафар намояндагони аҳли зиё, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилотҳои идоракунандаю ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятии шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар пешрафту татбиқи барномаҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ бо 1000 сомонӣ мукофотонида, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар партави сиёсати Сарвари давлат беш аз ҳарвақта  потенсиали шаҳрдорӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахтро баҳри густариш ва тақвият бахшидан ба дигаргунсозиҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони Душанбешаҳр  раҳнамун сохта, дар истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри дилороямон Душанбе дастовардҳои нав ба навро армуғон созанд.  

            Тантанаҳои идонаро ба истиқболи Рӯзи пойтахт  консерти шомгоҳии дастаҳои ҳунарӣ дар боғи тозабунёди «Наврӯзгоҳ», «Боғи пойтахт», майдони 800-солагии Москва, «Дӯстии Халқҳо» ва дар дигар ҷойгоҳҳои фарҳангӣ истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинон дар мазраҳои гулафшони Душанбе хотима бахшида, омодагиҳоро барои сабқат дар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ барои як соли дигар оғоз бахшид.