Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2014

24 апрели соли 2014 Иҷлосияи ҳаждаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- Дар бораи гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №3;

  -  Оид ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд;

 - Оид ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои  марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»;

- Ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ дар бораи рафти иҷроиши Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 «Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ-экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт»;

    - Ҳисоботи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе дар бораи рафти иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунӣ;

 -  Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №7 Мардонова С.Ш. оид ба иҷрои ваколатҳои худ;

- Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №8;

-  Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

         Сараввал, вакилон бо шунидани гузориши Абдулло Пиров - раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №3 ваколати вакили тозаинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи мазкур Қурбонова Руқия Атоевна - муовини Раиси шаҳри Душанберо эътироф намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосия оид ба масъалаи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, бо шарҳи муфассал ба мубрамияти он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр сохт, ки дар муддати як ҳафта гуруҳи корӣ Нақшаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар самти амалисозии он дар марзи пойтахт таҳия намуда, барои тасдиқ ва иҷроиш ба мақомот ва сохторҳои марбута  дастрас намояд.

Идома бар он, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо дарназардошти мубрамияти масъала Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои  марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»-ро бо баррасии амиқ  ва ҷонибдории ҳамаҷониба аз он баҳри иҷроиши ҳатмӣ аз ҷониби тамоми субъектҳои хоҷагидории муқими пойтахт, муқаррар сохт, ки тибқи тартиби муқарраргардида санади мазкур бобати аз қайди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронидан пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон баҳри таъмини назорати иҷроиши якмароми он дар иҷлосия қарор гардид, ки дар радифи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки иҷрои ин амал ба зиммаи онҳо вогузошта шудааст, комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати роҳбарони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ, ки зимни баррасии масъала аз ҷониби вакилони халқ тасдиқ гашт, бобати назорати таъмини иҷроиш ва шаффофияти масъала  масъул карда шавад.  

Инчунин, ҷиҳати роҳандозии татбиқи фарогири он  тибқи муқаррароти Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тавсеаёбии имкониятҳои дар мавсими пешорӯ васеъгардии  ҷуғрофияи хизматрасонӣ  оид ба истеҳсол ва интиқоли нерӯи гармӣ ба муштариён аз ҷониби субъектҳои шаҳрии ШСХК “Барқи Тоҷик” ба директори Муассисаи давлатии шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Аъзам Табаров дастур гардид, ки баҳри  омодасозии фонди манзил ба қабули гармӣ ва рафъи садамаҳои марбута дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо ва шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ  дар таносуби ҳар як ноҳияи шаҳр сохтори рафъи садамавии Муассисаро таъсис намояд.

Зимни шунидани ҳисоботи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ дар бораи рафти иҷроиши Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №145-15 аз 16 октябри соли 2008 «Дар бораи чораҳои беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ-экологӣ, корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар пойтахт»  дар иҷлосия қарор гардид, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр вазъи хизматрасонӣ ва воқеияти  мавҷудияти шартномаҳои дуҷониба миёни субъектҳои хизматрасони коммуналӣ ва истифодабарандагон   аз ҷониби  Прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Дар ин росто, бо инобати оғоз гардидани фасли гармо аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва аҳли ҷамоатчигию фаъолони пойтахт барои риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе  нигаронида шуда, роҳбарони сохторҳои назорати давлатӣ: Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  муваззаф карда шуданд, ки баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиолгии шаҳр чораҳои назоратию профилактиро пурзӯр намоянд.

Дар иҷлосия бо шунидани ҳисоботи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе дар бораи рафти иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунӣ ба раиси комиссияи мазкур  Баҳром Юсуфов, бо мақсади вусъати тадбирҳо оид ба азнавномгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дастур гардид, ки тибқи муқаррароти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бобати дар соли ҷорӣ ба анҷом расонидани азнавномгузории кӯчаву хиёбонҳои ба меъёрҳои муқаррарӣ мутобиқатнадоштаи шаҳр ба номи шахсиятҳои арзандаи дар рушду нумӯи пойтахт саҳмдор чораҳои муассир андешида, назорати риояи иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ин самт аз ҷониби раисони ноҳияҳо таъмин намояд.

Дар иртибот ба дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия зимни  муҳокимаву музокирот қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар  фарҷоми он Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати дастуру ҳидоятҳои аз ҷаласаи 23 апрели соли 2014 баргузорнамудаи Сарвари давлат, бобати тавсеаи иқдомоти мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,  вусъати тадбирҳо оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи сокинони шаҳр ва омодагиҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи сазовор аз  Рӯзи Ваҳдат, 23 - солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои азими дарпешистода дастуру супоришоти мушаххас ироа намуд.

Аз ҷумла, муқаррар гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе ба истиқболи 17 - уми солгарди Рӯзи ваҳдат бобати  баргузории тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт  навҷавонон дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза”ва хатнасури 360 кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дар “Боғи пойтахт” тайёриҳои густурда роҳандозӣ карда шаванд.